Идомаи суҳбату вохӯриҳо бо сокинони ноҳияи Шаҳринав бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва иҷтимоии шаҳрвандон, кормандони бахши Хадамоти муҳоҷират суҳбату вохӯриҳоро бо муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан бозгашта ва шаҳрвандоне, ки нияти сафар ба хориҷи кишвар доранд, дар ҳудуди ноҳия ҳама руза мунтазам баргузор намуда истодаанд.
Чунин як вохӯрӣ дар бозори Панҷшанбе Ҷамоати дехоти ба номи А. Ҳасанов бо сокинон ва муҳоҷирони ба Ватан баргашта доир гашт.
Дар рафти суҳбату вохӯрӣ пеш аз ҳама, доир бо вакансияҳои ҷойи кории холӣ таъмин намудани шаҳрвандони ба Ватан бозгашта дар дохили кишвар, ба касбомӯзӣ ва забономӯзӣ ҷалб намудани онҳо дар муассисаҳои таълимии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маслиҳатҳои муфид дода шуд.
Инчунин, дар ҷараёни вохӯрӣ сокинони ноҳия таъкид карда шуданд, ки тибқи талаботҳои қонунгузории Федератсияи Россия шаҳрвандони хориҷӣ дар муҳлати ду моҳ пас аз гирифтани иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) вазифадоранд, ки ба раёсати шаҳру ноҳиявии Вазорати корҳои дохилии ФР ҷойи зисти худ оид ба имзо расонидани шартномаи фаъолияти меҳнатӣ бо корфармо маълумот манзур намоянд.
Барои пешниҳод намудани маълумот ба мақомоти ҳудудӣ се роҳи қонунӣ вуҷуд дорад: тавассути хизматрасонии почтаи давлатии “Почта Россия” (бо дар назардошти пешниҳод намудани маълумот оид ба дастрас намудан ба мақомоти салоҳиятдор); тавассути портали ягонаи давлатии “Госуслуги”; шахсан ташриф овардан ба муассисаи давлатии федералии буҷетии “Маркази хизматрасонии шиносномаву виза” – и ВКД ФР дар минтақаи фаъолияти меҳнатӣ, барои шаҳри Москва ва вилояти он “Сахарово”.
Дар ҳолати риоя нагардидани талаботи қонунгузории кишвари иқомат шаҳрванди хориҷӣ дар Федератсияи Россия вазъи ҳуқуқии худро аз даст дода, ҳуҷҷатҳои ба дастоварда дар самти фаъолияти меҳнатӣ ба таври худкор бекор карда шуда, шаҳрванд ба Феҳристи шахсони назоратшаванда ворид карда мешавад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

