• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Вохӯрии навбатӣ бо сокинони деҳаи Сафарбоён Ҷамоати деҳоти Кангурт ба ифтихори 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ

Migration Service by Migration Service
21.08.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Вохӯрии навбатӣ бо сокинони деҳаи Сафарбоён Ҷамоати деҳоти Кангурт ба ифтихори 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Вохӯрии навбатӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони деҳаи Сафарбоён Ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик баргузор гардид.

Зимни чорабинӣ таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон неъмати бузург ва заминаи асосии рушди давлатдорӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа мебошад. Дар зарфи 35 соли соҳибистиқлолӣ бо татбиқи сиёсати созанда ва дурнамои рушди миллӣ барои пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва илмӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Ҳамзамон, иброз гардид, ки ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва иштироки фаъол дар корҳои ҷамъиятӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими ҳар як шаҳрванди кишвар ба ҳисоб меравад.

Дар идомаи чорабинӣ иштирокчиён оид ба дастовардҳои даврони истиқлол, нақши ҷавонон дар рушди ҷомеа, тарғиби фарҳанги миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ андешаронӣ намуда, таъкид карданд, ки истиқболи сазовор аз 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бояд бо корҳои созанда, эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва саҳми муносиб дар ободии Ватан сурат гирад.

Инчунин, дар рафти вохӯрӣ мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Сафарзода Баҳодур оид ба мушкилиҳое, ки имрӯз дар раванди муҳоҷират муҳоҷирони меҳнатӣ дучор мешаванд ва чи тавр аз ин омилҳо эмин нигоҳ доштани худ суханронӣ намуда, оиди қонунҳои амлкунандаи Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират ба њозирин маълумот доданд.

Аз ҷумла, қайд карданд, ки аз 1 январи соли 2025 Фармони Президенти Федератсияи Россия №1126 аз 30 декабри соли 2024 “Дар бораи чораҳои муваққатӣ оид ба танзими мақоми ҳуқуқии категорияи алоҳидаи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ” ба қувваи қонунӣ даромад.

Тибқи ин фармон, шаҳрвандони мо, ки ғайрирасмӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия қарор доранд, бояд ё қаламрави ФР-ро тарк намоянд ва ё мақоми ҳуқуқии худро қонунӣ гардонанд.

Чорабинӣ дар фазои баланди сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардида, иштирокчиён таъкид намуданд, ки Истиқлоли давлатӣ ҳамчун муқаддастарин дастоварди миллӣ бояд ҳифз ва таҳким бахшида шавад.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Идомаи суҳбату вохӯриҳо бо сокинони ноҳияи Шаҳринав

Next Post

Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷики тоҷдор аст

Next Post
Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷики тоҷдор аст

Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷики тоҷдор аст

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.