Санаи 9-уми сентябр дар таъриху тамаддуни муосири сарзамини кӯҳанбунёдамон бо хатҳои заррин ҳамчун рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон навишта шуда, ҳар як фарди ватани азизамон ин дастоварди бузургу муқаддасро бо ҳисси ифтихори миллӣ ва шукӯҳу шаҳомати хоса дар фазои сулҳу оромӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ арҷгузорӣ ва истиқбол менамояд.
Дар воқеъ барои ҳар миллат истиқлолияту озодии ватан бузургтарин сарват ва нодиртарин неъмат буда, арзиши он бебаҳост. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлолиятро бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик номида, моро пайваста барои чун гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдории он роҳнамоӣ менамоянд. Имрӯзҳо мо дар арафаи таҷлили 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Сию панҷ сол муқаддам мардуми мо ба бунёди давлату давлатдорӣ ва эҳёи суннату арзишҳои миллии хеш сазовор гардида, давлати тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон шинохта шуд.
Даврони истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи Тоҷикистони азизу маҳбубамонро ба сӯйи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкори пайгирона, созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонида, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва баландтарин зинаи бахту саодати ҳақиқии миллатро таъмин намуд.
Сулҳу ваҳдат ва оромиву осоиштагӣ дар ҷомеа имкон фароҳам оварданд, ки дар Тоҷикистон раванди гузариш ба бозори иқтисодӣ, ислоҳоти иқтисодӣ ва барномаҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар ин соҳа пурра амалӣ шаванд. Имрўз мо шоҳиди онем, ки дар мамлакат шоҳроҳҳо пурра таъмир гашта љавобгўи стандартҳои байналхалқӣ шудаанд, нақбҳои калон бунёд ёфтанд, ки барои муомилоти иқтисодӣ ва фарҳангӣ байни навоҳии кишвар шароити мусоид фароҳам оварданд. Сохтмони нерўгоҳҳои хурду калон, бунёди корхонаҳои нави замонавӣ, ривоҷи соҳаи кишоварзӣ ҳама натиҷаи сулзу ваҳдати миллӣ мебошанд.
Дар замони истиқлолият фарҳанги Тоҷикистон симои нав ба бар кард. Ҳукумати кишвар барои дар рўҳияи ватандўстӣ ва арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги ниёгон иқдомҳои наҷибро амалӣ намуд. Ҳамасола иншооти нави фарҳангӣ, мактабу боғчаҳои баччагона, марказҳои варзишӣ ба истифода дода мешаванд, ки ин ҳама бозгу аз истиқлоли миллӣ мебошад. Пас мову шуморо месазад дастовардҳои даврои соҳибистиқлолии мамлакатамонро нодида нагирифта барои ҳифзу ҳимояи ин дастовардҳои истқлоияти давлатиямон талош ба харҷ намоем ва барои пешрафти ҷомеа саҳми муносиби худро гузорем.
Моро мебояд ин 35 соли тақдирсозро таҳлил ва мантиқан ҳазм намуда, ба қадри хизматҳои фарзандони тавонманди миллат расем. Таҷрибаҳои он қаҳрамононро омӯхта, ба қадри ин неъмати бебаҳо, ки номаш Истиқлолият аст, расем ва дар оянда ин таҷрибаҳоро сармашқи кору фаъолияти хеш намоем. Даствардҳои истиқлолияти тоҷиконро аз ҳарвақта дида бояд бештар тарғибу ташвиқ намоем, зеро Истиқлолият шиносномаи давлати тоҷикон, санаи сарнавиштсозу муқаддас, рамзи саодату шуҷоат, ташаккули муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, амалисозии ҳадафҳои муҳимми миллӣ ва омӯзиши таҷрибаи пешқадами аксар кишварҳои олам шинохта шудааст.
Аз ин рӯ, бояд шукргузор аз он бошем, ки Худованд баҳри мо чунин Ватани азизу маҳбуб ва ободу зебоеро ато намудааст ва он шабеҳи биҳишт аст. Инчунин мо ҷавононро зарур аст, ки пайрави Пешвои худ бошем, сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи Пешвои худро дастгирӣ намоем ва зиракии сиёсиро аз даст надода, якҷоя ҳар як ҳаракати номатлубро пешгирӣ карда, барои пешрафти Ватани азизамон саҳми худро гузорем.
Имомалӣ Каримов,
Мутахассиси пешбари бахши муҳоҷирати дохилӣ ва экологии Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд

