Санаи 19-уми августи соли ҷорӣ бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт якҷоя бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва иттифоқи касабаи ноҳия дар толори хурди Театри мусиқии драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳия ҷиҳати иҷрои нақша чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуъҳои эълон гардидани соли 2026 “Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” “Муҳоҷирати бехатар” ва “Бастани шартномаҳои меҳнатӣ” мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар оид ба муҳтавои Паём ва шукргузорӣ аз фазои оромии ватан дар доираи мавзӯъҳои асосии рӯз ба монанди тарбияи дурусти ҷавонон дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ, хизмати Модар-Ватан, нагаравидани насли ҷавони кишвар ба гурӯҳи ифротиву тундрав, дурӣ аз падидаҳои хатарзо аз қабили террористиву экстремистӣ, муҳоҷирати бехатар, пешгирӣ аз исрофкорӣ дар соҳаҳои гуногуни рӯзмарра, тарбияи дурусти насли наврас, сулҳу суботи миллӣ, пешгирии коррупсия, гиромӣ доштани муқаддасоти миллӣ, пойдориву солими оила, густариши фарҳанги оиладорӣ, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ ва ғайра мавзӯъҳои мубрами ҳаёти имрӯзаи ҷомеаи мутамаддин баёни андеша намуданд.
Зикр гардид, ки муҳоҷирони меҳнатиро зарур аст, ки пеш аз оғози фаъолияти корӣ бо корфармо шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонида, пас ба фаъолияти оғоз намоянд, ҳуҷҷатҳои будубош ва қайди муваққатии худро дар доираи талаботҳои қонунгузории кишвари иқомат таҷдид намоянд.
Дар идомаи вохӯрӣ вобаста ба тағйиротҳои охир дар қонунгузории кишвари Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, вазъи ҳуқуқии аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ, тартиби таҳсил ва идомаи таҳсил дар муассисаҳои томактабӣ ва мактабии кишвари иқомат ва дигар масъалаҳои марбут дар ин самт иттилоъ дода шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

