Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар Ҷамоати деҳоти Ғулакандоз деҳаи Бахтовар чорабинии иттилоотӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур кормандони бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия оид ба терроризм ва экстремизм суханронӣ намуда қайд карданд, ки имрӯзҳо низ ҳастанд он гурӯҳҳои ифротгаро, ки хоҳони халалдор намудани вазъи имрӯзаи кишварҳоро доранд ки ҷавонон муҳоҷирони меҳнатиро бо ваъдаи ночиз ба гирдоби фиребу гумроҳӣ ҳамроҳ менамоянд.
Тариқи шабакаҳои телевизионӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дида истодаем, ки бар асари ҳамлаҳои ин гурӯҳҳо чи қадар кӯдакону наврасон, махсусан аҳолии осоишта кушта шуда истодаанд. Ҷангидан ва ҳамроҳ шудан ба ин гурӯҳҳоро ҷавонони дорои пасти тафаккур дошта ҷиҳод баён намуда ба он ҳамроҳ мешаванд.
Аз ин хотир, аз ҳамагон махсусан муҳоҷирони меҳнатӣ, ҷавонон ва дигар табақаи аҳолии ҷомеа хоҳиш ва талаб карда мешавад, ки ба паёмакҳои шубҳаноки хусусияти экстремистӣ дошта ҷавоб надиҳанд ва ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо нафароне, ки пули зиёд ва кори муносибро барояшон пайдо менамоянд, бовар накарда то ҳадди имкон аз онҳо дӯри ҷӯянд.
Бо ҳамин чорабинӣ ба охир расида қайд гардид, ки рӯзҳои наздик дар дигар ҷамоатҳои ноҳия гузаронидани чунин чорабиниҳо дар нақша аст.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

