Терроризм ва экстремизм зуҳуроти нав набуда, реша аз таърихи қадим мегирад. Яъне, дар замонҳои гузашта ҳам афрод ё гурӯҳҳои мутаассиб бо амалҳои ваҳшиёна амнияти мардум ва давлатҳои ҷудогонаро халалдор мекарданд. Ин зуҳурот дар замони мо шаклу намуди нав гирифт. Имрӯз терроризм ва экстремизм хусусияти фаромиллӣ гирифта, ба мушкили рақами яки тамоми сайёраи Замин табдил ёфтааст.
Оқибати амалҳои харобкоронаи гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ дар таърихи давлатдории навини кишвар низ таҷриба гаштааст. Ибтидои солҳои наваддуми асри гузашта, ки Тоҷикистон ба тозагӣ истиқлоли давлатии худро эълом намуда, ҳамчун давлати ягонаву соҳибистиқлол арзи ҳастӣ мекард, қурбони манфиатхоҳони хориҷӣ ва гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ шуд. Ифротгароёни динӣ вазъи буҳроние ба вуҷуд оварданд. Яке аз омилони ҷанги шаҳрвандӣ мутаассибони диние буданд, ки ба сиёсат омехта, боиси ҳалокати ҳудуди 150 ҳазор нафар мардуми бегуноҳ, гуреза шудани қариб як миллион нафар шаҳрванд ва пурра фалаҷ гардидани умури сиёсиву иқтисодии кишвар гардиданд.
Хушбахтона, сохти конститутсионии кишвар барқарор карда шуд. Баъди он, ки бо сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сулҳу ваҳдати миллӣ расидем, ҳокимияти қонунгузор низ устувор гардид. Нахуст, қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба волоияти қонун, адолат ва арзишҳои баланди ҳуқуқии шаҳрвандон замина ба вуҷуд овард. Ҷиҳати мубориза бо зуҳуроти терроризм ва экстремизм, стратегия ва қонунҳои махсус ба тавсиб расида, рӯйи кор омаданд. Айни замон барои фаъолияти террористиву экстремистӣ қонунгузор ҷазои сахтро муқаррар кардааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ низ яке аз ташаббускорони фаъол дар самти муқовимат ва мубориза бо терроризм мебошад.
Давоми чанд соли охир иштироки бархе аз шаҳрвандон дар ҷангҳои кишварҳои Ироқ, Сурия, Афғонистон ва ғайра яке аз мушкилоти мубрамро мемонд. Ҳукумати кишвар садҳо нафар зану кӯдаки онҳоро аз лагерҳои ин кишварҳо ба Ватан баргардонид. Ин яке аз намунаҳои олии инсондӯстист, ки дар сиёсати Роҳбари давлатамон мавқеи асосӣ дорад.
Боиси қаноатмандист, ки сатҳи шомилшавӣ ба гурӯҳу ҳаракатҳои тундрав солҳои охир рӯ ба коҳиш овардааст. Вале ин мазмуни онро надорад, ки хотирҷамъ ва бепарво буд. Тавре дар боло ишора шуд, дар шароити ҷаҳонишавӣ ин масъалаҳо эътибори ҳамешагиро тақозо мекунад. Ҳоло идора кардану тағйир додани афкори мардум тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ хеле осон аст ва аз ин усул душманону хоинони миллат, ифротиён фаровон истифода мебаранд.
Имрӯз маориф ва илм дар меҳвари сиёсати Роҳбари кишвар қарор гирифтаанд. Чунин сиёсати маънавибунёд ба он нигаронида шудааст, ки ҷомеа, махсусан, ҷавонон бо донишҳои муосир мусаллаҳ бошанд. Ҷомеаи аз ҷиҳати маънавият устуворро раҳгум занонидан аз имкон берун аст.
Дар баробари ин, лозим аст, ки насли ҷавон бештару хубтар бояд асолати худро шиносанд. Соли 2026 дар кишвар “Соли ободониву созандагӣ ва тақвияти худшиносиву худогоҳӣ” эълон гардидааст. Моҳияти ин иқдом дар он аст, ки хурду бузург бояд такя ба асолати хеш намоянд. Дар рӯ ба рӯи шароити ҳассосу мураккаби ҷаҳонӣ танҳо бо худшиносиву худогоҳии миллӣ метавон нусрат ёфт. Нафаре, ки ҳуввияти миллии баланд дорад, ҳеҷ гоҳ ба доми фиреби бадхоҳон нахоҳад афтод.
Мегӯянд, ки надонистани қонун аз ҷавобгарӣ озод намекунад. Аз ин рӯ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа низ тақозои замон мебошад. Дар ин кор оила, мактаб ва ҷомеа низ масъуланд.
Як масъаларо бояд махсус таъкид кард, ки ахлоқу рафтори кӯдак асосан дар оила шакл мегирад. Бинобар ин, волидайн дар тарбияи фарзанд бояд аҳаммияти аввалиндараҷа зоҳир кунанд. Назорати ҷиддӣ, махсусан, ҳангоми истифодаи интернет ва шабакаҳои иҷтимоии он амри зарур аст.
Вақти он расидааст, ки маърифати истифодабарии телефонҳои мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ба таври шоиста ба наврасону ҷавонон омӯзонида шавад. Ин як омили муҳимми пешгирӣ аз ҳар гуна зуҳуроти номатлуб ба ҳисоб меравад.
Имрӯз, ки дар Ватани озоду осуда умр ба сар мебарем, бояд шукри ин неъмат намуд, ба қадри осоиштагӣ расид ва нагузошт, ки ин арзиши бузурги зиндагии моро касе халалдор созад.
Бобоназарзода Санавбар, Сардори шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе
