• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Муқовимат ба коррупсия яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад

Migration Service by Migration Service
27.08.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Муқовимат ба коррупсия яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Яке аз  падидаҳои  нохуш  ва  номатлубе, ки  чомеаи  ҷаҳониро фаро гирифтааст, ин  ҳодисаҳои  коррупсионӣ, аз қабили ришваситонӣ, ришвадиҳӣ, хушомадгӯи, истифода бурдан  аз вазифа ва суистифода  кардан  аз ваколатҳои ҳуқуқӣ – давлатӣ мебошад. Ин падида ба фаъолияти самараноки мақомоти давлатӣ халал ворид намуда, сатҳи эътимоди ҷомеаро нисбат ба ҳокимияти давлатӣ коҳиш медиҳад. Аз ин рӯ, муқовимат ба коррупсия яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Қобили зикр аст, ки мубориза бар зидди коррупсия  ва ошкор сохтани камбудиҳо  дар ин самт, коҳиш додани равандҳои он  кори дастҷамъонаи тамоми соҳаҳои  ҷомеа ба  шумор меравад, зеро  ин вабои иқтисодӣ,ки дар ҳама самтҳои ҷамъиятӣ ба назар мерасад  ва бартараф кардани камбудиҳо моро ба зиндагии хушу босаодат роҳнамун  месозад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ, ки 22 декабри соли 2016 баргузор гардида буд, зикр намуданд, ки “Фаромӯш набояд кард, ки  мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  нест. Дар ин мубориза   тамоми  аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад”.     

Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки танҳо бо роҳҳои маъмурӣ ва ҷазодиҳӣ пурра решакан намудани коррупсия имконнопазир мебошад. Барои коҳиш додани ин падида пеш аз ҳама, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон зарур аст. Зеро шахсе, ки ҳуқуқ, уҳдадориҳо ва меъёрҳои қонунгузориро хуб медонад, камтар ба амалҳои коррупсионӣ даст мезанад ё қурбонии он мегардад.

Маърифати ҳуқуқӣ қисми муҳими фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа буда, ба ташаккули ҳисси масъулият, эҳтиром нисбат ба қонун ва фаъолнокии шаҳрвандӣ мусоидат менамояд. Маҳз бо ҳамин сабаб дар сиёсати давлатии Тоҷикистон масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ мавқеи муҳимро ишғол мекунад.

Дар баробари ин, ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таҳкими маърифати ҳуқуқӣ ва рушди ҷомеаи ҳуқуқбунёд аҳамияти махсус дошта, барои баланд гардидани нуфузи байналмилалии Тоҷикистон мусоидат менамоянд. Ин ташаббусҳо нишон медиҳанд, ки маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун воситаи муҳими таъмини адолат, шаффофият ва муқовимат ба коррупсия арзёбӣ мегардад.

Дар шароити муосир баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ яке аз самтҳои муҳими пешгирии коррупсия ба ҳисоб меравад. Таҷрибаи давлатҳои пешрафта нишон медиҳад, ки сатҳи пасти коррупсия пеш аз ҳама, ба баланд будани фарҳанг ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон вобастагӣ дорад. Аз ин лиҳоз, ташаккули шуури ҳуқуқӣ ва эҳтиром ба қонун метавонад ҳамчун воситаи самараноки муқовимат ба коррупсия хизмат намояд.

Маърифати ҳуқуқӣ дар навбати аввал ба шаҳрванд имкон медиҳад, ки ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худро дуруст дарк намояд. Шахсе, ки аз меъёрҳои қонунгузорӣ огоҳ аст, метавонад манфиатҳои худро аз роҳи қонунӣ ҳимоя кунад ва ба амалҳои ғайриқонунӣ роҳ надиҳад. Баръакс, надонистани қонун аксар вақт боиси содир гардидани ҳуқуқвайронкунӣ ва паҳншавии муносибатҳои коррупсионӣ мегардад.

Яке аз роҳҳои муҳими коҳиш додани омилҳои коррупсионӣ рушди хизматрасониҳои электронӣ ва рақамикунонии фаъолияти мақомоти давлатӣ мебошад. Истифодаи технологияҳои рақамӣ шаффофиятро зиёд намуда, имконияти тамоси мустақими шаҳрвандонро бо шахсони мансабдор коҳиш медиҳад. Ин раванд метавонад барои пешгирии ришвахорӣ ва сӯиистифода аз ваколатҳои хизматӣ мусоидат намояд.

Ҳамин тариқ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ раванди пайваста ва дарозмуддат буда, ҳамкории давлат ва ҷомеаро талаб мекунад. Танҳо тавассути ташаккули фарҳанги баланди ҳуқуқӣ ва эҳтиром ба қонун метавон сатҳи коррупсияро коҳиш дода, заминаи рушди устувори ҷомеаро фароҳам овард.

Аҳадзода Алишер,

Муовини сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

Previous Post

Ифротгароӣ ва терроризм – зуҳуроти номатлуби замони муосир

Next Post

Вохӯрӣ бо шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”

Next Post
Вохӯрӣ бо шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”

Вохӯрӣ бо шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.