Кормандони масъули дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират ва Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” вохӯрӣ бо шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатии бозгашта ва он шаҳрвандоне, ки барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Россия равонаанд, идома дода истодаанд.
Дар рафти вохӯрӣ ба самъи шаҳрвандони ҷумҳурӣ расонида шуд, ки дар соли 2027 тартиб ва танзими муҳоҷирати меҳнатӣ ё будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади танзими раванди муҳоҷират ва таъмини муҳоҷирати бехатар дар қаламрави Федератсияи Россия пурзӯр карда мешавад.
Дар доираи Консепсияи давлатии сиёсати муҳоҷирати Федератсияи Россия, ки аз 15 октябри соли 2025, №738 тасдиқ гардидааст, Думаи давлатии Шӯрои федералии Федератсияи Россия як қатор қонунҳоро дар самти танзими раванди муҳоҷират баррасӣ ва тасдиқ намуданд. Думаи давлатии Федератсияи Россия қонунҳои федералиро оид ба будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва оилаи онҳо дар қаламрави Федератсияи Россия ба тасвиб расонида, аз мақомоти ҳокимияти давлатӣ талаб намудааст, ки раванди татбиқи меъёрҳои қонунгузорӣ пурра иҷро гарданд.
Дар ин замина мақомоти андоз ва фонди иҷтимоӣ вазифадор карда шудааст, ки мунтазам ва саривақт маълумот дар бораи даромади андоз ва шуғли шаҳрвандони хориҷӣ ба Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия пешниҳод карда шавад, ки ин раванд метавонад ба мавқеи ҳуқуқии шаҳрванди хориҷӣ дар Федератсияи Россия заминагузорӣ намояд.
Тибқи талаботи қонунгузории нав ва талаботҳои Консепсияи давлатии сиёсати муҳоҷиратии Федератсияи Россия баъзе сабукиҳо нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар шуъбаи рӯзона таҳсил менамоянд, ноболиғон, нафақахӯрон ва баъзе категорияҳои дигар сабукиҳо пешбинӣ шудааст.
Талаботҳои нав ва татбиқи амалии қонунгузориҳои Федератсияи Россия дар ин замина аз 1 январи соли 2027 ва талабот ба даромад ба сарҳади давлатии Федератсияи Россия аз 1 марти соли 2027 пурзӯр карда мешаванд.
Дар ҳолати пайдо гардидани савол ва ё гирифтани машварати ҳуқуқии ройгон шаҳрвандон метавонанд ба мутахассисони Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР муроҷиат намоянд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
