Дар ин 35 сол бо ҳама дастоварду пешрафтҳои давлати миллиамон, ки мо ба онҳо бо заҳмати содиқонаву софдилонаи мардуми шарифи кишвар ноил шудем, дар ҳақиқат арзиши садсолаҳоро дорад. Ҳар соли истиқлоли давлатии мо аз лиҳози масъулияти таърихӣ ва ҳам аз рӯйи мушкилоте, ки бар сари халқамон омад, бо даҳсолаҳо баробар аст.
Дастоварди бузургтарини мо дар замони истиқлоли давлатӣ сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад, ки мо ба ин неъмати зиндагибахш бо баҳои бисёр гарон ва заҳмати ниҳоят зиёд муяссар гардидем ва қарзи инсонӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар яки мост, ки ин неъмати бузургро чун гавҳараки чашм эҳтиёт ва ҳифз намоем.
Мардуми Тоҷикистон Рӯзи Истиқлоли давлатии кишварро чун нишонаи қадршиносиву арҷгузорӣ ба ин санаи тақдирсози миллӣ дар фазои бошукӯҳи идона таҷлил менамоянд ва шукрона мекунанд, ки давлати соҳибистиқлолу Ватани соҳибихтиёр доранд.
Маҳз сиёсати бобарор ва натиҷаҳои устувори мактаби бузурги давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар зарфи 35 соли соҳибистиқлолӣ заминаҳои бунёдии рушди устувору босуботи Тоҷикистон ва барномаҳои мукаммалу натиҷабахши соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар, аз ҷумла саноату энергетика, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ ва дигар самтҳои ҳаёти мардум муваффақона таъмин карда шуданд.
Имрӯзҳо Тоҷикистони азиз дар арафаи ҷашни истиқлол қарор дорад. Истиқлолият неъматест, ки дар натиҷаи саъю талошҳои афзун ба даст омадааст. Он самари ҷоннисориву қаҳрамониҳои мардони майдон, ашки сӯзону шабзиндадорӣ ва ниёишҳои модарон аст. Истиқлолият атои Офаридгор аст, ки мардуми тоҷик бо нерӯи созандагиву ободкорӣ ва кӯшишҳои рӯзафзуни хеш ба ин неъмати бузург муваффақ гаштаанд.
Албатта, истиқлолият барои мардуми тоҷик осон ба даст наомадааст. Таърих гувоҳ аст, ки халқи меҳнаткаши тоҷик чӣ рӯзҳои нангину даҳшатборро паси сар кардаву чӣ қурбониҳоро таҳаммул намудааст. Замоне абри сиёҳи ҷанги шаҳрвандӣ осмони поку фазои беғубори Тоҷикистони навбунёдро тира намуда, рӯзгори осудаву амнияти мардумро халалдор намуд.
Хушбахтона, халқи тоҷик бо нерӯи хирад ва заковати фитрӣ тамоми мушкилоти пешомадаро бартараф намуда, бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон парчами сулҳу ваҳдатро дар кишвари тозаистиқлоли тоҷикон барафрохт.
Бояд гуфт, таваҷҷӯҳи рӯзафзуни сарвари давлат ба пешрафти соҳаи маориф ва дастгирии ҷавонони лаёқатманду соҳибистеъдод, фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил, забономӯзӣ, такмили донишу малакаи наврасону ҷавонон ҳар як фарзанди бонангу номуси миллатро вазифадор месозад, ки дар ҷодаи такмили донишу маърифати хеш кӯшиш намояд ва барои пешрафти ҳаёти кишвар саҳмгузор бошад.
Муҳимтарин тӯҳфаи мо ҷавонон ба истиқболи 35 – солагии Истиқлоли ватани азизамон дониши баланду ахлоқи ҳамида доштан, эҳтиром намудани муқаддасоти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои ниёгон ва худшиносу ваҳдатгаро будан аст.
Дар олам бузургтар аз нерӯи озодӣ қуввае нест ва саодате баландтар аз саодати халқи озод нест. Бигзор арзишҳои олии халқи бузургворам поянда ва саодати он ҷовидона бошад ва дар тайи ҷодаи пешрафту тараққиёт муваффақу комгор гардад. Истиқлолияти комил дар тамоми соҳаҳои ҳаёт ҳамеша насиби ватани азизамон бошад.
Наботов Насим,
Сармутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

