Ширкати AGRI-HR бақайдгирии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои иштирок дар барномаи мавсимии меҳнатӣ дар Британияи Кабир оғоз намуд.
Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки ширкати AGRI-HR бақайдгирии номзадҳоро барои иштирок дар барномаи мавсимии меҳнатӣ дар Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ оғоз намудааст.
Муҳлати бақайдгирӣ: аз 4 то 11 сентябри соли 2026.
Бақайдгирӣ танҳо тавассути сомонаи расмии ширкати AGRI-HR сурат мегирад. Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки аз хизматрасонии миёнаравон ва сомонаҳои дигар истифода накунанд ва маълумоти шахсӣ ё ҳуҷҷатҳои худро ба шахсони номаълум пешниҳод накунанд.
Барои бақайдгирӣ зарур аст:
* шиносномаи хориҷии амалкунанда дошта бошед;
* маълумоти шахсӣ ва тамосиро дуруст пешниҳод намоед;
* анкетаи электронии AGRI-HR-ро пур кунед;
* маълумот дар бораи таҷрибаи кории худро пешниҳод намоед;
* марҳилаҳои пешбинишудаи интихобро гузаред.
Ҳангоми пур кардани анкета ному насаб ва дигар маълумоти шиносномавиро бо ҳарфҳои лотинӣ айнан мувофиқи шиносномаи хориҷӣ нишон додан зарур аст.
Муҳим: бақайдгирӣ ва пур кардани анкета гирифтани ҷойи кор ё раводидро кафолат намедиҳад. Номзадон тибқи талаботи барнома аз марҳилаҳои муқарраргардидаи интихоб ва санҷиш мегузаранд.
Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки пеш аз пешниҳоди маълумоти шахсӣ дурустии сомонаи истифодашавандаро санҷида, танҳо аз сомона ва саҳифаҳои расмии AGRI-HR истифода баранд.
Маълумоти пурра оид ба барнома, шартҳои иштирок, тартиби бақайдгирӣ ва талабот нисбат ба номзадонро метавонед дар сомонаи расмӣ ва саҳифаҳои расмии ширкати AGRI-HR дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо кунед.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
