ДАВЛАТИ НАВИНИ ТОҶИКОН
Дар таърихномаи ҳар халқу миллат рӯйдоду саҳифаҳои сабақомӯз ва пурарзише ҳастанд, ки аҳамият ва мақому манзалати онҳо дар тӯли садсолаҳо ҳамчун сарвату арзишҳои миллӣ ҷовидон монда, мардумро ба эҳтирому арҷгузорӣ ва ҳифзу густариши ин дастоварду бозёфтҳои гаронбаҳо ҳамчун чароғи дурахшон ҳидояту роҳнамоӣ месозанд.
Чунин саҳифаи заррин дар китоби таърихи муосири миллати мо ҷашни таърихӣ – Истиқлоли давлатӣ аст, ки онро ҳар сол санаи 9-уми сентябр ҳамчун рӯйдоди муҳиму бузург бо эҳсоси ифтихору сарфарозӣ ва хушнудӣ дар саросари кишвар ва намояндагиҳои расмии мамлакат дар хориҷа ҷашн мегирем.
35 сол муқаддам халқи куҳанбунёду соҳибфарҳанги тоҷик ба дастоварди муқаддасу сарнавиштсози таърихӣ – Истиқлоли давлатӣ мушарраф шуд, ки он дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти тоҷикон ба сифати гардиши куллӣ, ба оғози марҳилаи сифатан нав – бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосир замина гузошт. Ин падидаи бемислу боазамати таърихӣ, волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар масири даҳ асри охир мебошад, ки силсилаи воқеаю рӯйдодҳои муҳиму тақдирсозро дар бар гирифта, аз толеи баланди миллати тоҷик миёни халқу миллатҳои олам башорат медиҳад.
Дар ин муддати начандон тулонӣ бо сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтара м Эмомалӣ Раҳмон кишвари азизи мо рушд намуда, ба яке аз давлатҳои тараққиёфтаи минтақаи Осиё
табдил ёфт.
Истиқлолият дар назди мо иҷрои вазифаҳои пурифтихор ва дар айни замон басо пурмасъулияти таърихӣ – бунёди давлату давлатдории нави ҷавобгӯй ба манфиатҳо ва ниёзҳои мардуми Тоҷикистонро гузоштааст. Имрӯз модели сулҳофарини тоҷикон бо хусусиятҳои хосааш дар ташхису ҳалли ихтилофоти муосир дар омӯзишу корбурди давлатҳои гуногун ва созмонҳои байналмилалӣ қарор гирифтааст.
Тавре маълум аст, роҳи таърихие, ки Тоҷикистон дар ин муддат тай кард, масири чандон ҳамвору осон набуд. То расидан ба дастовардҳои имрӯза мардуми сарбаланди тоҷик чӣ монеаву маҳрумият ва мушкилоти сахту сангинро аз сар гузаронид. Тундбоди воқеаҳо, ки онро бозсозӣ ба ҳаракат оварда буд, боиси хархашаҳо ва моҷароҳои зиёде дар Тоҷикистон шуд. Мамлакат ба вартаи касодии иқтисодиву иҷтимоӣ гирифтор ва рушду инкишофи тамоми соҳаҳои халқи ҷумҳурӣ боздошта шуд. Умеду орзуҳои мардуми истиқлолхоҳу озодихоҳи тоҷик нимкора монд. Доираҳои муайяни бадхоҳу ғаразнок бо истифода аз таҷрибаи даврони гузашта ва усулҳои озмудаи худ, бо роҳи барангехтани низоъ ва бозиҳои сиёсӣ тавонистанд, миллати моро ба гирдоби мухолифат ва муқовимати сиёсӣ кашида, давлати ҷавони Тоҷикистонро дучори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардонанд. Фазои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқиро дар он солҳо дар Тоҷикистон тарафҳои даргир ва ҳимоятгаронашон чунон сохта буданд, ки касе агар аз сулҳу салоҳ сухан оғоз мекард, ё хоин эълон мешуд ё кушта мегардид.
Чуноне ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: «Истиқлолият ба мо хеле осон ва сабук насиб шуд, шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки мо ба қадри ин ҳадяи тақдир нарасидем ва Тоҷикистон ба ҷанги хонумонсӯзи ҳамватанӣ кашида шуд».
Ягона умед дар он вазъияти хавфнок, ногувору мураккаби сиёсӣ баровардани кишвар аз гирдоби ҷанги дохилӣ ва пешгирии хунрезӣ ба таъҷилан даъват намудани иҷлосияи Шӯрои Олӣ вобаста буд. Хушбахтона, Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳифаи навро дар таърихи давлатдории тоҷикон оғоз намуд. Он ба давраи бесарусомонӣ ва кашмакашҳо хотима дода, давлатамонро аз вартаи фалокатбор наҷот дод ва дар самти ислоҳоти конститутсионии мамлакат саҳифаи нав кушод. Аз тарафи дигар як силсила тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи амалкунанда ворид карда, барои таҳияи лоиҳаи Конститутсияи нави ҷумҳурӣ замина гузошт. Аз сӯйи дигар Иҷлосия имконият дод, ки тамомияти арзии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ягонаи мустақил ҳифз карда шавад.
Дигар давлатҳои ҷаҳон ва ташкилотҳои байналхалқӣ ҳам Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол эътироф намуданд. Минбаъд намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машваратҳои байналхалқӣ ҳамчун фиристодаи давлати соҳибистиқлол муаррифӣ мегардиданд. Санаи 2-юми марти соли 1992 Тоҷикистон аъзои комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид гардид. Имрӯз сиёсати сулҳҷӯёна ва сулҳпарваронаи роҳбари давлати тоҷиконро на танҳо шаҳрвандони ҷумҳурӣ, балки кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ карда, пешниҳодҳои онро дар рушди сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлати хеш истифода бурда истодаанд.
Муҳимтар он аст, ки тавассути ин ҳама тадбирҳо Тоҷикистон бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷомеи ҷаҳонӣ аз нуқтаи назари таърихӣ ҳамчун давлати сулҳпарвар, тараққихоҳ ва халқи соҳибфарҳангу соҳибтамаддун муаррифӣ гардидааст.
Маҳз ба истиқболи ҷашни бузурги миллат 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар остонаи Рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид боз як пешниҳоди сулҳпарваронаю сулҳҷӯёнаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардида, «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» эълон карда шуд, ки он ҳамчун иқдоми муҳими ҳуқуқӣ ва сиёсӣ арзёбӣ мегардад.
Аҳамияти ин ибтикори байналмилалӣ дар он ифода меёбад, ки он аз дастгирии васеи ҷомеаи ҷаҳонӣ бархурдор гардид ва лоиҳаи Қатъномаро 153 давлати узви СММ ҷонибдорӣ намуда, 107 давлат ҳамчун ҳаммуаллифи он баромад карданд. Чунин ҷонибдории густурда бозгӯи афзоиши нуфузи байналмилалии Тоҷикистон ҳамчун давлати сулҳпарвар ва ҷонибдори ҳалли масъалаҳои глобалӣ тавассути муколама мебошад.
Имрӯз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва фазои сулҳу субот дар саросари мамлакат корҳои бунёдкориву созандагӣ идома доранд. Рушду нумӯи қонунгузории давлати Тоҷикистон ва такмили механизми татбиқи ҳаррӯзаи онҳо, ки барои пешрафти ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, бартараф кардани камбизоатӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон, танзими оила, рушди илму фарҳанг ва барои ба тадриҷ амалӣ сохтани ҳадафҳои давлати демократию ҳуқуқбунёд равона карда шудаанд, мавқеи хоса пайдо карданд.
Ба сифати масъули мақомоти муҳоҷират бояд ёдовар шавем, ки дар ин давра сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муҳоҷират ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоию иқтисодии давлат табдил ёфта, таҳти роҳнамоии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста такмил ёфт. Бо мақсади танзими самараноки равандҳои муҳоҷират, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар, фароҳам овардани шароити мусоид барои муҳоҷирати муташаккили меҳнатӣ ва мутобиқ намудани сиёсати давлатӣ ба равандҳои ҷаҳонӣ заминаи мукаммали ҳуқуқӣ ташаккул дода шуд. Дар ин замина Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират», «Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ», як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин Стратегияи давлатии танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 қабул гардида, барои рушди низоми идоракунии муҳоҷират, тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ ва мутобиқсозии сиёсати муҳоҷират ба талаботи замон заминаи устувор фароҳам оварданд.
Ҳамзамон, тадбирҳои пайгиронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омӯзиши касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ барои шаҳрвандони хоҳишманди муҳоҷирати меҳнатӣ, рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ, таҳкими фаъолияти намояндагиҳои Хадамоти муҳоҷират дар хориҷи кишвар, баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ, ҷалби сармоя ва истифодаи самараноки иқтидори муҳоҷирони бозгашта дар рушди иқтисоди миллӣ самараи назаррас ба бор оварда, мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун шарики боэътимод дар низоми байналмилалии идоракунии муҳоҷират боз ҳам таҳким бахшид.
Дар шароити мураккаб шудани вазъи геополитикии минтақа ва ҷаҳон, шиддат ёфтани бархӯрди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат, осебпазир гардидани истиқлолияти давлатӣ аҳамияти боз ҳам ҷиддитар касб кардааст. Ин вазъияти зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир моро водор месозад, ки лаҳзае аз масъалаи ҳифзи давлату давлатдорӣ ва суботу амнияти кишвар ғофил набошем. Мо медонем, ки чӣ қадар халқу миллатҳо барои соҳиби давлати миллӣ шудан мубориза бурда истодаанд. Бештари онҳо ҳама чизро доранд, вале аз давлати миллӣ доштан маҳруманд.
Аз ин рӯ, ҳар миллате, ки соҳиби давлати мустақил мешавад, барои он масъалаи рушди иқтисодиву иҷтимоӣ бо назардошти манфиатҳои миллӣ аҳамияти бузурги сиёсӣ ва ҳаётӣ касб мекунад.
Ба қадри Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ расидан барои ҳар як фарди бедордили миллат ҳам қарз асту ҳам фарз!
Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пойдору абадӣ боқӣ монад!
Иматшо Нодирзода – сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
