Бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент оид ба амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ ва тарғиби фарҳанги зиддикоррупсионӣ дар байни аҳолӣ корҳои иттилоотию маърифатӣ ба роҳ монда шуд. Чунин як вохӯрии иттилоотию маърифатӣ дар Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан бо иштироки намояндагони шуъбаи Хадамоти муҳоҷират баргузор гардид.
Ҳадафи асосии вохӯрӣ баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии омилҳои коррупсионӣ, ташаккули муносибати оштинопазир ба коррупсия, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ва фаҳмонидани оқибатҳои ҳуқуқии содир намудани амалҳои коррупсионӣ буд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ оид ба моҳият ва аҳамияти Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазифаҳои асосии он ва нақши шаҳрвандон дар пешгирии коррупсия маълумоти зарурӣ пешниҳод карда шуд. Таъкид гардид, ки мубориза бар зидди коррупсия танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ набуда, балки иштироки фаъолонаи ҷомеа ва ҳар як шаҳрвандро тақозо менамояд.
Ҳамзамон, ба иштирокчиён фаҳмонида шуд, ки коррупсия метавонад ба рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа таъсири манфӣ расонида, боиси паст гардидани эътимоди шаҳрвандон ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва поймол гардидани ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон гардад. Аз ин рӯ, пешгирии коррупсия, риояи қонунгузорӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ аз вазифаҳои муҳими ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Дар идомаи суҳбат масъалаҳои пешгирии ришвахорӣ, истифодаи нодурусти мақоми хизматӣ, пешниҳоди ғайриқонунии маблағ ё дигар манфиатҳо, инчунин роҳҳои пешгирӣ ва ошкор намудани ҳолатҳои коррупсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ба шаҳрвандон тавсия дода шуд, ки ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо ҳолатҳои эҳтимолии коррупсионӣ аз пардохти маблағҳои ғайриқонунӣ худдорӣ намуда, дар бораи чунин ҳолатҳо ба мақомоти дахлдор муроҷиат намоянд. Ҳамчунин, зарурати риояи талаботи қонунгузорӣ, шаффофият дар муносибатҳои шаҳрвандон бо мақомоти давлатӣ ва баланд бардоштани ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ таъкид карда шуд.
Дар вохӯрӣ инчунин оид ба оқибатҳои ҳуқуқии содир намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ, зарурати тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи қонундустӣ, поквиҷдонӣ, масъулиятшиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ андешаҳои муфид баён гардиданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

