Истиқлолият беҳтарин неъмат ва гаронтарин арзиш барои ҳар давлату миллат буда, омили аслии рушду тараққӣ ва заминасози ҳузур дар арсаи ҷаҳонӣ ҷиҳати инкишоф ва ҳифзу манфатҳои миллию давлатӣ ба шумор меравад.
Тоҷикистон давоми 35 соли Истиқлолият дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Презденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташабусҳои ҷаҳонии ин шахсият тавонист ҷойгоҳи шоистае дар арсаи байналмилалӣ барои худ касб намояд, чунонки акнун ҳечгуна тасмимгирии дастаҷамъиро дар минтақа бе ҳузури фаъоли Тоҷикистон наметавон тасавур кард. Имрӯз аз баракати истиқлол миллатеро бо номи тоҷик ва кишвареро бо номи Тоҷикистон кулли мардуми сайёра мешиносад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии худро эълон кард ва бо ин саҳифаи наве дар ҳаёти мардуми мо кушода шуд. Тоҷикистон соҳиби истиқлолият гардид. Истиқлолияте, ки орзӯи ҳамешагии ҳар миллати озода аст ва бе доштани он ҳама гуна дастоварди иқдисодиву иҷтимоӣ комил нахоҳад буд. Тамоми сокинони кишвару озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки сию панҷ солқабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолият воқеъ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ –Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардидем.
Воқеан ҳам, Тоҷикистон тавонист дар даврони соҳибистиқлолии худ бо роҳбари арзандаву сулҳпарвараш баҳри рушди кишвар чораҳои заруриро андешад. Дар даврони Истиқлолият Тоҷикистон аъзои чандин созмонҳои байналмилалӣ гардид. Равобити дуҷониба ва бисёрҷонибаро қариб бо тамоми кишварҳои дунё ба роҳ монда, баҳри боз ҳам рушд намудани сиёсати хориҷӣ, иқдисодиёт, иҷтимоиёт ва дигар соҳаҳои мухталифи кишвар корҳои арзандае ба сомон расонида шуд.
Акнун замони он расида аст, ки мардум бо дили тоза ба оянда нигарад, дидаи умед ба фардои беҳтар, фардое, ки сарнавишти худро бо дастони худ бисозанд ва вобастаи касе набошанд.
Дар шароити кунунӣ, ки ҷаҳони муосир дорад, таҳкими Истиқлолият, устувор гардонидани пояҳои давлат ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии инсон барои на танҳо мардуми, мо балки тамоми инсоният мазмуни ҳаётан пайдо мекунад. Аз ҳамин лиҳоз, ҳодисаву воқеъаҳои пурошӯби охирҳои асри гузашта моро водор намуд, ки оид ба масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ, нигоҳ доштани оромии авзои ҷомеа, пойдории сулҳу суббот, ва ободу зебо гардонидани ватани маҳбубамон, рӯ ба тарақи ниҳодани иқдисодиёт, саноати қонуни кишвар ва таҳкими истиқлолияту ҳифзи дастовардҳои он андеша кунем.
Самараи неки истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳу суботи тоҷикон – манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як қавми миллатт тоҷик аст. Мо бояд аз ин миллати барруманд биболему барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кӯшишу ғайрат намоем. Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги Тоҷикистони азиз овардааст.
Бигзор Истиқлоли миллӣ чун қуллаҳои сарбаланди кишвар устувору поянда бод!
Солиев М,
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Зафаробод

