Бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара дар Ҷамоати деҳоти Навгилем бо фаъолону сокинони ҷамоат, раисони маҳаллаҳо, имомхатибон ва аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ бо иштироки зиёда аз 120 нафар шаҳрвандон, вохӯрии навбатӣ доир гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара Ахмедов М., дар баромади худ иброз дошт, ки бузургтарин неъмате, ки барои мо насиб гаштааст, ин истиқлолу озодӣ, суботи миллӣ ва ваҳдати миллӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз бо заҳмату талошҳои Пешвои муаззами миллат ва сарҷамъии мардум Тоҷикистони азизи мо рӯз аз рӯз ободу зебо гашта, обрӯву нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускору сулҳпарвар боло рафта истодааст.
Инчунин, вобаста ба муҳоҷирати бехатар, риояи талаботи бехатарӣ дар истеҳсолот, танзими раванди будубоши муваққатӣ, фаъолияти меҳнатии қонунӣ, риояи талаботи санитарию гигиенӣ дар зимни фаъолияти корӣ, оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ ва таълимоти ғайрирасмии динӣ, фаҳмонида додани моҳият ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи кӯдак”, оид ба муҳоҷирати бехатар, қонунгузориҳои нави Федератсияи Россия, тарзи дурусти истифодабарии шабакаҳои интернетӣ, ҷалби ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, роҳ надодан ба ришвахӯрӣ, ба касбомӯзӣ фаро гирифтани занону духтарони хонашин, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳалли зист ва дигар масъалаҳои марбут ба самти муҳоҷирати меҳнатӣ, суханронӣ кард.
Дар анҷом зикр гардид, ки баргузории чунин вохӯриҳо минбаъд низ аз тарафи шуъба идома ёфта, ба таҳкими робитаи давлат ва ҷомеа, пешгирии падидаҳои номатлуб ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ мусоидат хоҳад кард.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

