• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Вохӯрии иттилоотию маърифатӣ бо сокинони деҳаи Зимтуди Ҷамоати деҳоти Вору

Migration Service by Migration Service
16.09.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Вохӯрии иттилоотию маърифатӣ бо сокинони деҳаи Зимтуди Ҷамоати деҳоти Вору
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Бо ташаббуси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент дар Ҷамоати деҳоти Вору, деҳаи Зимтуд, вохӯрии иттилоотию маърифатӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони сохторҳои дахлдори маҳаллӣ, фаъолон ва сокинони деҳа иштирок намуда, масъалаҳои вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ, риояи қонунгузорӣ ҳангоми сафар ба хориҷи кишвар, пешгирии ҷинояткорӣ, нашъамандӣ, зӯроварӣ дар оила, савдои одамон, коррупсия ва дигар зуҳуроти номатлуб мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зимни мулоқот ба шаҳрвандон тавсия дода шуд, ки ҳангоми тасмим гирифтан барои сафар ба хориҷи кишвар пеш аз ҳама ҳуҷҷатҳои заруриро омода намуда, аз қонунҳо ва қоидаҳои кишвари қабулкунанда огоҳ бошанд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки интихоби ҷойи кор бояд бо роҳи қонунӣ сурат гирифта, муносибатҳои меҳнатӣ ҳатман тавассути бастани шартномаи расмӣ ба роҳ монда шаванд.

Дар ҷараёни мулоқот намояндагони сохторҳои масъул бо сокинони деҳа суҳбати озоду судманд анҷом дода, доир ба як қатор масъалаҳои мубрами рӯз маълумоти зарурӣ пешниҳод намуданд. Аз ҷумла, таваҷҷуҳи иштирокчиён ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, риояи тартиботи муқарраргардида ҳангоми сафар ба хориҷи кишвар, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, пешгирии ҷинояткорӣ ва дигар амалҳои зиддиқонунӣ ҷалб карда шуд. Дар идомаи вохӯрӣ масъалаи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротию террористӣ низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Таъкид шуд, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, зиракии сиёсӣ ва дурӣ ҷустан аз ақидаҳои ифротӣ яке аз омилҳои муҳими ҳифзи суботи ҷомеа мебошад.

Ҳамзамон, ба занону духтарон оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ва зарурати муроҷиати саривақтӣ ба мақомоти дахлдор ҳангоми ба миён омадани мушкилот тавсияҳои зарурӣ дода шуданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ иштирокчиён ба риояи қонун, эҳтироми арзишҳои миллӣ, ҳифзи сулҳу субот ва масъулиятшиносӣ дар назди ҷомеа даъват гардиданд.

Масъулин изҳор доштанд, ки чунин суҳбату вохӯриҳои иттилоотию маърифатӣ дар маҳалҳо минбаъд низ идома ёфта, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ ва пешгирии зуҳуроти номатлуб чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Корҳои иттилоотӣ ва фаҳмонидадиҳӣ дар  Ҷамоати деҳоти Навгилеми шаҳри Исфара

Next Post

Корҳои иттилоотӣ фаҳмондадиҳӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии  Хуҷанд”

Next Post
Корҳои иттилоотӣ фаҳмондадиҳӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии  Хуҷанд”

Корҳои иттилоотӣ фаҳмондадиҳӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии  Хуҷанд”

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.