Кормандони Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон дар “Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар” вохӯрии судманд бо шаҳрвандон пеш аз сафар, баргузор намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ бо шаҳрвандон, оид ба вазъи имрӯза дар кишвари Россия, қонунгузории нави он маслиҳатҳои муфид доданд. Аз ҷумла, ба маълумоти шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ расонида мешавад, ки аз 4 сентябри соли 2026 дар Хадамоти консулӣ маркази ягонаи тамос бо рақами +7(495) 916-99-99 фаъол карда шуд.
Ҳангоми занг задан муроҷиаткунанда метавонад маълумотро бо забонҳои тоҷикӣ ё русӣ аз рӯи намудҳои хизматрасонии консулӣ интихоб намояд. Пас аз интихоби намуди хизматрасонӣ, занг ба таври худкор ба корманди масъул барои пешниҳоди машварати дахлдор равона карда мешавад.
Дар фарҷом ба суолҳои сершумори шаҳрвандон аз ҷониби кормандони марказ ҷавобҳои мушаххас дода шуда, ба онҳо варақаҳои иттилоотӣ Хадамоти муҳоҷират тақсим карда шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

