МД “Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Хуҷанд дар терминали мусофиркашонии “Роҳи Абрешим” бо шаҳрвандон, ки ба шаҳрҳои Тюмен ва Челябински Федератсияи Россия тавассути нақлиёти мусофирбар барои фаъолияти меҳнатӣ сафар менамоянд, корҳои фаҳмондадиҳиро идома дода истодаанд.
Дар рафти вохӯрӣ бо шаҳрвандоне, ки барои фаъолияти меҳнатӣ ба кишвари Россия сафар доранд, ба самъи онҳо расонида шуд, ки дар ҳудуди Федератсияи Россия кору фаъолият ва будубош доранд, мерасонад, ки дар моҳи сентябри соли ҷорӣ дар ҳудуди Россия маъракаи муҳими сиёсӣ баргузор мегардад, ки аз ҳар як шаҳрванд, махсусан шаҳрванди хориҷӣ масъулияти баланди шаҳрвандиро тақозо менамояд.
Дар ин замина, аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ хоҳиш менамоем, ки аз иштирок дар чорабиниҳои ғайриқонунунӣ худдорӣ намуда, маълумотҳои муҳимро дар самти бубоши шаҳрвандони хориҷӣ, маҳдудиятҳои ҷорӣ аз сомонаҳои расмии давлатии кишвари иқомат мутолиа намуда, ба шахсони алоҳида ва гуруҳҳои манфиатҷу бовар накарда, ба фаъолияти қонунии худ идома диҳед.
Дар ҳолати пеш омадани мушкилот ва ё пайдо гардидани саволҳо дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, метавонед ба мутахассисони Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР дар тамос шаванд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба шаҳрвандон варақаи иттилоотии Хадамоти муҳоҷират тақсим карда шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

