“Забони модарии мо – забони ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ, ки донишу маърифати дар тӯли ҳазорсолаҳо андӯхтаи мардумро дар худ нигоҳ доштааст, гӯётарин далели ҳастӣ ва мақоми ҳаётбахши он дар сарнавишти таърихии миллати мо ба ҳисоб меравад. Яъне миллати шарафманди тоҷик таъриху фарҳанги камназири худро бо ҳамин забон иншо ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст.
Забони тоҷикӣ дар шумули қадимтарин забонҳои Хуросону Мовароуннаҳр меросбари забонҳои бостонии ориёист….Забони давлатӣ аз рукнҳои асосии давлатдории миллист, ки дар пойдорӣ ва суботи давлати миллӣ мақому нақши муҳим дорад ва аз ҳамин хотир аст, ки мо дар Тоҷикистон забони миллатро ҳастии миллат ва бунёду пояи давлат эълон кардаем. Ин забони қадиму асил сарвати бебаҳо ва аз ҷумлаи муқаддасоти миллии мост…. Қарзи фарзандӣ ва рисолати инсонии мост, ки забони модариамон, яъне ин забони ширину шоиронаро баробари модари худ азиз шуморем, дӯст дорем, онро мисли модар, ки моро ба дунё оварда, меҳри забонро бо шири поку ҷонбахш ва муҳаббати онро бо аллаи гӯшнавозаш дар ҷисму ҷони мо ҷой кардааст, эҳтирому эҳтиёт кунем ва мисли гаронбаҳотарин сарвати умрамон ҳамеша гиромӣ дорем”.
Аз соли 2009 инҷониб дар ҷумҳурӣ ҳамасола 5 октябр ҳамчун Рӯзи Забон таҷлил мегардад. Забони точикӣ аз забонҳои бостонии ҷаҳон ба шумор меравад. Давраи нави инкишофи он дар асрҳои 7-8 сар шудааст. Бо ин забон шоирону нависандагони бузург Рӯдакӣ, Фирдавcӣ, Хайём, Сино, Ҷомӣ, Мавлоно, Ҳофиз, Дониш, Айнӣ, Лоҳутӣ, Турсунзода ва дигарон асарҳо эҷод кардаанд. Забони тоҷикӣ диққати олимон ва нависандагони оламро ба худ ҷалб кардааст. Ба омӯзиши забони порсӣ -тоҷикӣ яке аз асосгузорони коммунизми илмӣ Фридрих Энгелс мароқ зоҳир карда буд. Забони тоҷикӣ рӯз то рӯз рушд мекунад ва садҳо вожаҳои нав ба таркиби луғавии забони тоҷикӣ ворид мешаванд.
Забони тоҷикӣ — забони модарии мардуми тоҷик, ки аҳолии aсосии Ҷумҳурии Tоҷикистонро ташкил медиҳад, ба ҳисоб меравад. Берун аз марзи ин давлат забони тоҷикиро тоҷикони маҳаллӣ дар қисмати аъзаме аз шаҳру ноҳияҳои кишвари Ӯзбекистон (бахусус дар шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд ва ҳатто Тирмизу Намангон) ба ҳайси забони модарии xеш зиёда аз 15 миллион мешиносанд ва ҳамчун воситаи гуфтугузори ҳаррӯза истифода мебаранд. Ҳатто дар шаҳрҳои Бухоро ва Самарқанд гуфтугӯи мардуми ин шаҳрҳо ба тоҷикӣ сурат мегирад. Аз чиҳати забоншиносӣ забони тоҷикӣ ба гурӯҳи ғарбии забонҳои эронӣ, oилаи калони ҳиндуаврупоӣ дохил мешавад. Бар ин гурӯҳ аз забонҳои имрӯзи зинда ғайр аз тоҷикӣ ду забони дигар – форсии навин (теҳронӣ), яъне забони Эрони имрӯза ва забони дарӣ — кобулӣ тааллуқ доранд.
Гарчанде ки тӯли ин садсолаҳо забони классикӣ, яъне забони адабиёт тағйири зиёде надид ва чун пештара дар тамоми олами форсизабон ягона буд, забони гуфтугӯии мардум, забони зинда ба таври интенсивӣ дигаргуниҳои нав мепазируфт ва аз забони адабӣ торафт дур мешуд. Ба замми ин дар натиҷаи ба миён омадани фарқиятҳои намоён дар инкишофи сиёсӣ, динӣ ва иҷтимоии кишварҳои олами форсизабон, хусусан баъд аз қарни пурошӯби 16ум дар байни шеваҳои ҳам адабӣ, ҳам гуфтугӯии минтақаҳои гуногун монандиҳои ҷиддие пайдо гаштанд.
Ҳамин тавр, аз асри шонздаҳ сар карда, метавон дар бораи забони точикӣ чун мафҳуми илмӣ сухан гуфт. Ба ин маром забони тоҷикиро забони аҳолии форсизабони Осиёи Марказӣ аз садсолаи 16-ум минбаъд донистан ҷоиз аст. Аммо дар дохили худи забони тоҷикӣ низ фарқиятҳо арзи ҳастӣ кардан гирифтанд ва ба ин минвол дар асри 19 байни забони адабиёту забони омма, ҳам байни лаҳчаҳои маҳалҳои гуногун фарқияти бузурге ба миён омад.
Ҳанӯз ҳамон вақт маорифпарвари Бухоро Аҳмади Дониш кӯшиш ба харҷ дод, то забони адабиро оммафаҳм ва аз ибораҳои душвору такаллуфомез холӣ гардонад. Лекин кори асосиро дар самти ба роҳ мондани меъёри ягонаи забон дар айёми Шӯравӣ олимон ва адибони тоҷик бо сарварии Садриддин Айнӣ анҷом доданд. Ҳамчун асоси забони адабӣ забони классик aсрҳои 16-19 бидуни арабизмҳои душворфаҳми он гирифта шуд, валекин сохти грамматикӣ ва лексикаи забони навбунёди тоҷикиро шеваи мардуми тоҷикзабони водии Зарафшон, аз ҷумла Бухорову Самарқанд ташкил дод. Далели ин қарори забоншиносони онвақтаи тоҷик ин буд, ки дар ин минтақа тоҷик нисбатан асил ва тоза боқӣ мондааст. Дар ин забон, яъне забони расман тоҷикӣ, дар солҳои Шӯравӣ адабиёти бисёр интишор ва забони тоҷикӣ нашъунамо ёфт. Дар асри ҷаҳонишавӣ форсӣ, дарӣ ва тоҷикӣ ба ҳам наздик шуда истодаанд ва дар оянда метавон гуфт, ки ин се шоха боз як забони умумиро ифода кунанд ва барои 222 миллион порсигӯ забони ҳаставӣ қарор гирад.
Аҳадзода Алишер, Муовини сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

