• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

                       ЯРМАРКАИ ҶОЙҲОИ КОРИИ ХОЛӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Migration Service by Migration Service
25.09.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
                       ЯРМАРКАИ ҶОЙҲОИ КОРИИ ХОЛӢ БАРГУЗОР ГАРДИД
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

25 сентябри соли 2026 дар назди гулгашти ба номи Куйбешев, воқеъ дар хиёбони Рӯдакии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе ва раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Ҳадафи асосии баргузории ярмарка фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандон, баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ оид ба бозори меҳнат ва пешниҳоди маълумоти зарурӣ дар самти фаъолияти меҳнатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар мебошад.

Дар рафти ярмарка ба шаҳрвандон оид ба ҷойҳои кории холии пешниҳодшуда, имкониятҳои мавҷудаи шуғл ва тартиби дарёфти кори муносиб маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд. Ҳамзамон, кормандони Хадамоти муҳоҷират ва марказҳои машваратӣ ба иштирокчиён оид ба масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ, омодагӣ пеш аз сафар, риояи талаботи қонунгузории кишварҳои қабулкунанда ва зарурати огоҳии ҳуқуқӣ машваратҳои дахлдор пешниҳод намуданд.

Қобили зикр аст, ки яке аз самтҳои муҳими фаъолияти сохторҳои Хадамоти муҳоҷират баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва иттилоотии шаҳрвандоне мебошад, ки нияти сафар ба хориҷи кишвар бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ доранд. Дар ин раванд ба омодагии пеш аз сафар, шиносоӣ бо ҳуқуқу уҳдадориҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва пешгирии ҳолатҳои номатлуб таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.

Баргузории чунин чорабиниҳо барои тавсеаи ҳамкории сохторҳои давлатӣ бо шаҳрвандон, мусоидат ба ҳалли масъалаҳои шуғл ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ аз имкониятҳои қонунии фаъолияти меҳнатӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Хадамоти муҳоҷират минбаъд низ дар доираи ваколатҳои худ барои тақвияти корҳои иттилоотию машваратӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва мусоидат ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Забони давлатӣ аз рукнҳои асосии давлатдории миллист

Next Post

Вохӯрӣ бо шаҳрвандон дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”

Next Post
Вохӯрӣ бо шаҳрвандон дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”

Вохӯрӣ бо шаҳрвандон дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.