Субҳи имрӯз, 26 сентябри соли 2026 дар “Боғи фарҳангӣ – фароғатии “Ҷавонон” бо иштироки кормандони касбу кори гуногун, аз ҷумла кормандони Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷавонон ва сокинони маҳаллӣ машқҳои пагоҳирӯзи ва роҳгардии саломатӣ баргузор гардид.
Баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ дар заминаи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини оммавияти варзиш ва таҳкими солимии миллат зимни мулоқот бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ 23 майи соли 2013 баён гардида буд. Қарор дода шуд, ки ҳар рӯзи шанбе дар қаламрави ҷумҳурӣ “Рӯзи варзиш” эълон карда шуда, бояд аҳли ҷомеа, аз ҷумла кормандони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ ба он ҷалб карда шаванд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
