• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Мулоқоти Сардори Хадамоти муҳоҷират бо хонум Урсула Келлер Ал-Аззавӣ

Migration Service by Migration Service
25.09.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Мулоқоти Сардори Хадамоти муҳоҷират бо хонум Урсула Келлер Ал-Аззавӣ
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

25 сентябри соли 2026 Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо роҳбари идорӣ ва мушовири минтақавии масоили муҳоҷирати Агентии рушд ва ҳамкории Швейтсария (SDC) хонум Урсула Келлер Ал-Аззавиро ба ҳузур пазируфт.

Сараввал Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо оид ба фаъолияти Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо, аз ҷумла, дар бораи фаъолияти МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Хоруғ маълумоти мухтассар пешниҳод намуд.  

Дар рафти мулоқот Сардори Хадамот дар бораи раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, вазъи бехатарӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар хориҷи кишвар, вазъият ва дурнамои муҳоҷират, касбомӯзии муҳоҷирон, донистани забонҳои хориҷӣ, бастани шартномаи меҳнатӣ бо кордиҳанда, инчунин ҷалби муҳоҷирони ба ватан бозгашта ба бозори меҳнат андешаронӣ намуд.

Ҳамзамон, иброз намуд, ки дар заминаи сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муҳоҷират ва зери роҳнамоиҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин раванд чораҳои мушаххасу саривақтӣ андешида шуда, ҳамкориҳо бо кишварҳои хориҷӣ хуб ба роҳ монда шудааст ва мунтазам ҳаллу фасли масъалаҳои гуногунсамти муҳоҷират тақвият  меёбанд.

Қобили зикр аст, ки дар ҳамкорӣ бо дастгириҳои Созмони байналмилалии муҳоҷират дар назди Хадамоти муҳоҷират Шӯрои ҷамъиятӣ ба роҳ монда шудааст. дар Шӯрои ҷамъиятӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои марбута, шарикони рушд субъектҳои хоҷагидор ва дигар лоиҳаҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият доранд дар самти рушди муҳоҷират иштирок менамоянд.

Дар рафти вохӯрӣ Сардори Хадамоти муҳоҷират ба хонум Урсула Келлер Ал-Аззавӣ чанд пешниҳод намуд, аз қабили омӯзиши забони кишвари қабулкунанда, омӯзиши касби мувофиқи талаботи корфармо, маълумот дар бораи қонунҳои меҳнатии кишвари қабулкунанда, шарҳи шартҳои шартномаҳои меҳнатӣ, масъалаҳои бехатарии меҳнатӣ, саводнокии молиявӣ, пешгирии қаллобӣ ва истисмор, маълумот дар бораи ҳуқуқ ва ҳифзи муҳоҷирон.      

Дар навбати худ хонум Урсула Келлер Ал-Аззавӣ иброз намуд, ки мақсад аз ташриф ба Хадамоти муҳоҷират ин дар амал татбиқ намудани марҳилаи дувуми Барномаи минтақавии муҳоҷирати меҳнатӣ дар Осиёи Марказӣ, ки аз ҷониби SDC маблағгузорӣ мегардад, мебошад. Зимни вохӯрӣ натиҷаҳои татбиқи барнома дар Тоҷикистон, афзалиятҳои миллӣ дар соҳаи идоракунии муҳоҷират ва нақшаҳои марҳилаи дувуми барнома баррасӣ гардид.

Дар фарҷоми вохӯрӣ хонум Урсула Келлер Ал-Аззавӣ аз Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафар ба муҳоҷирони меҳнатӣ”, аз ҷумла аз синфхонаҳои марказ дидан намуданд.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират  
Previous Post

Вохӯрӣ бо шаҳрвандон дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.