• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Забони давлатӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ: нақши Пешвои миллат дар ҳифз ва рушди он

Migration Service by Migration Service
28.09.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Забони давлатӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ: нақши Пешвои миллат дар ҳифз ва рушди он
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter


Боиси ифтихор ва фараҳмандии зиёди мо – ворисони ин забон ва мероси бузурги бо он навишташуда аст, ки ин забон то ба имрӯз ба шарофати хизматҳои бузург, заҳматҳои бедареғ ва корнамоиҳои беназири фарзандони фарзонаву барҷастаи миллати тоҷик – аз Куруши Кабиру Исмоили Сомонӣ ва устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ то Бобоҷон Ғафурову устод Садриддин Айнӣ ба ҳамон шакли асилу ноб, бо ганҷинаи ғаниву рангини вожаву истилоҳот ва таъбиру таркиботи дилнишину зебо боқӣ мондааст.

                                                                                                               Эмомалӣ Раҳмон

Забон яке аз муқаддастарин арзишҳои миллӣ ба шумор рафта, ҳастии ҳар миллат, оинаи таърих, фарҳанг ва тамаддуни он мебошад. Барои миллати тоҷик забони тоҷикӣ на танҳо воситаи муошират, балки рукни асосии давлатдорӣ, ҳифзи ҳувияти миллӣ ва омили муҳими ваҳдати ҷомеа маҳсуб меёбад. Маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандона ва таваҷҷуҳи пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ мақому манзалати забони давлатӣ ба таври бесобиқа таҳким ёфта, барои рушду густариши он заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуданд.

Пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ҳифз ва рушди забони миллӣ ҳамчун яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ муайян гардид. Дар шароити нави таърихӣ зарур буд, ки забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатдорӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мавқеи сазовор пайдо намояд. Бо ҳамин мақсад давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои муҳимеро роҳандозӣ намуданд, ки дар натиҷа забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ дар тамоми сохторҳои давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, илмӣ ва фарҳангӣ мавриди истифодаи васеъ қарор гирифт. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ буда, давлат истифода, ҳифз ва рушди онро таъмин менамояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини роҳбарии давлат ба масъалаи ҳифзи забони модарӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, онро яке аз пояҳои муҳими давлатдории миллӣ арзёбӣ карданд. Дар суханрониҳо ва паёмҳои худ Пешвои миллат ҳамеша таъкид менамоянд, ки “Забони тоҷикӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои ниёгон бояд поку беолоиш нигоҳ дошта шуда, барои рушди минбаъдаи он тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шаванд”.

Яке аз дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолӣ қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад, ки заминаҳои ҳуқуқии рушди забони давлатиро таҳким бахшид. Ин қонун мақоми ҳуқуқии забони давлатиро муайян намуда, истифодаи онро дар мақомоти давлатӣ, муассисаҳо ва дигар бахшҳои ҷомеа ба танзим медарорад. Қонун инчунин вазифаи ҳар як шаҳрвандро дар донистани забони давлатӣ муайян намуда, мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳоро уҳдадор месозад, ки барои омӯзиш ва такмили забондонии кормандон шароити зарурӣ фароҳам оваранд.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор иқдомҳои муҳим барои рушди забони давлатӣ амалӣ гардиданд. Аз ҷумла, таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба забон нақши муассир бозид. Фаъолияти ин ниҳод ба танзими истилоҳот, назорати риояи меъёрҳои забони адабӣ, такмили фарҳанги сухан ва баланд бардоштани мақоми забони давлатӣ мусоидат менамояд. Бо ташаббуси Пешвои миллат масъалаи такмили имлои забони тоҷикӣ низ дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифт. Қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ ва таҳияи фарҳангҳои мукаммал барои ба меъёр даровардани истифодаи забон, махсусан дар соҳаи маориф, воситаҳои ахбори омма ва фаъолияти мақомоти давлатӣ аҳаммияти калон доранд. Ин иқдомҳо барои ҳифзи асолати забон ва мутобиқ намудани он ба талаботи замони муосир мусоидат намуданд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ забони тоҷикӣ ҳамчун забони илм, маориф ва фарҳанг низ рушду густариши назаррас пайдо кард. Имрӯз дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кишвар таълим ба забони давлатӣ ба роҳ монда шуда, ҳазорҳо китобҳои дарсӣ, илмӣ ва бадеӣ ба забони тоҷикӣ нашр мегарданд. Ҳамзамон, доираи истифодаи забони давлатӣ дар технологияҳои иттилоотӣ, воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ низ васеъ гардидааст.

Бо дастгирии Президенти мамлакат ҳамасола ҷашнҳо ва чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ баргузор мешаванд. Ин тадбирҳо барои баланд бардоштани эҳтироми ҷомеа нисбат ба забони модарӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ нақши муҳим доранд. Тавассути чунин иқдомҳо шаҳрвандон бештар ба омӯзиш, ҳифз ва рушди забони давлатӣ ҷалб мегарданд. Нақши Пешвои миллат дар муаррифии забони тоҷикӣ дар арсаи байналмилалӣ низ назаррас мебошад. Имрӯз забони тоҷикӣ ҳамчун забони як давлати соҳибистиқлол дар созмонҳои байналмилалӣ ва ҳамоишҳои гуногун садо медиҳад. Ин дастовардҳо самараи сиёсати фарҳангпарварона ва давлатсозонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Забони давлатӣ дар замони соҳибистиқлолӣ ба яке аз рукнҳои муҳими ваҳдати миллӣ табдил ёфтааст. Он ҳамчун воситаи муттаҳидкунандаи ҷомеа барои таҳкими сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди давлат нақши муҳим мебозад. Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, кӣ: “Эҳтиром ба забони давлатӣ нишонаи эҳтиром ба миллат, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад”.

Дар маҷмуъ, даврони соҳибистиқлолӣ барои забони тоҷикӣ марҳилаи эҳё ва рушди бесобиқа ба ҳисоб меравад. Дар ин раванд саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург мебошад. Бо ташаббус ва дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат забони тоҷикӣ мақоми шоистаи худро ҳамчун забони давлатдорӣ соҳиб гардида, имрӯз ба ҳайси яке аз муҳимтарин арзишҳои миллӣ хизмат мекунад.

Аз ин рӯ, ҳифз, омӯзиш ва рушди забони давлатӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мо бояд ин мероси гаронбаҳои ниёгонро эҳтиром намуда, барои покизагӣ, ғановатмандӣ ва рушди минбаъдаи он саҳми арзандаи худро гузорем, то забони тоҷикӣ ҳамеша ҳамчун рамзи давлатдорӣ ва ҳастии миллати тоҷик побарҷо бимонад.


Орифҷон Олимзода,

Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб

Previous Post

“Миллати ҷисман солим руҳан низ муқтадир ва шикастнопазир мебошад”

Next Post

Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” идома дорад

Next Post
Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” идома дорад

Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” идома дорад

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.