Тибқи нақшаи тасдиқшуда роҳбарияти Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” бо шаҳрвандони ба Ватан бозгашта ва шаҳрвандоне, ки тавассути парвоз ба минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия барои фаъолияти меҳнатӣ равонаанд, корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуданд.
Дар ҷараёни суҳбату вохӯрӣ роҳбарияти Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе доир бо ҷойи кории холӣ таъмин намудани шаҳрвандони бозгашта дар дохили кишвар, ба касбомӯзӣ ва забономӯзӣ ҷалб намудани онҳо дар муассисаҳои таълимии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин омодагӣ пеш аз сафар, пешгирии ҳодисаҳои пайвастани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, одамрабоӣ ва донистани қонунҳои нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон, ба ҳозирин дар бораи таҳдидҳои марбут ба ҷалби муҳоҷирон ба гурӯҳҳои радикалӣ, шубҳанок ва ҷиноятӣ маълумот дода шуд, ки гурӯҳҳои террористӣ ҳадафҳои мушаххас доранд ва барои ноил шудан ба онҳо аъзои навро ҷалб ва сафарбар мекунанд.
Инчунин, оид ба масъалаҳои муҳоҷирати қонунӣ ва бехатар, қоидаҳои будубош дар Федератсияи Россия, бастани шартномаи меҳнатӣ ва риояи меъёрҳои бехатарӣ дар ҷои кор баррасӣ гардид ва вобаста ба аҳамияти шуғли расмӣ барои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон таъкид карда шуд.
Ҳамчунин ба шаҳрвандон тавсия дода шуд, ки вақти холии худро муфид истифода баранд, аҳли хонаводаашонро барои аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ба марказҳои забономузӣ, ки ройгон мебошанд ҷалб намоянд, ба осорхона, театр, китобхонаҳо ташриф оранд ва барои соҳиб шудан ба касбҳои серталабот ба курсҳои бозомӯзӣ раванд.
Шаҳрвандони муҳтарам, дар хотир нигоҳ доред, ки иҷрои саривақтии ин тадбирҳо кафили будубоши бехатар ва қонунии шумо дар қаламрави Россия ва инчунин амалӣ гардидани ҳадафҳои сафари шумо, аз ҷумла муҳоҷирати меҳнатӣ, мебошад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
