Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, рушди муҳоҷирати меҳнатии қонунӣ ва бехатар, инчунин пешгирии омилҳои номатлуб бо омӯзгорон ва аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ, вохӯрии иттилоотию маърифатӣ баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои муҳими вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ ва омодагии шаҳрвандон пеш аз сафар ба хориҷи кишвар мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ба иштирокчиён фаҳмонида шуд, ки қабл аз сафар бояд тамоми масъалаҳои марбут ба ҳуҷҷатгузорӣ, ҷойи кор, шароити меҳнат ва қоидаҳои будубош дар кишвари қабулкунанда омӯхта шаванд.
Таъкид гардид, ки муҳоҷири меҳнатӣ бояд пеш аз оғози фаъолияти корӣ бо корфармо муносибатҳои меҳнатиро ба таври расмӣ ба роҳ монда, шартҳои кор ва дигар талаботи муҳимро аниқ намояд. Инчунин, ба шаҳрвандон зарурати риояи муҳлати будубош ва талаботи қонунгузории кишвари қабулкунанда фаҳмонида шуд. Яке аз масъалаҳои асосии вохӯрӣ пешгирии фиреб ва истифодаи ғайриқонунии шаҳрвандон ҳангоми ҷустуҷӯи ҷойи кор дар хориҷи кишвар буд. Иштирокчиён ҳушдор дода шуданд, ки ба ваъдаҳои шахсони тасодуфӣ оид ба кор ва даромади баланд бе санҷиши маълумоти пешниҳодшуда бовар накунанд. Ҳамзамон, тавсия дода шуд, ки аз миёнаравони ғайрирасмӣ эҳтиёткор бошанд ва ҳуҷҷатҳои шахсии худро ба шахсони ношинос насупоранд.
Ҳамчунин ба иштирокчиён зарурати риояи қонунҳо ва қоидаҳои ҷамъиятии кишвари иқомат фаҳмонида шуд. Таъкид гардид, ки ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар бояд бо рафтори намунавӣ, муносибати эҳтиромона ва меҳнати ҳалол ба обрӯи кишвари худ саҳм гузорад. Дар баробари масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, дар вохӯрӣ ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва тарбияи ҷавонон низ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Аз ҷумла, оид ба пешгирии ҷинояткорӣ, нашъамандӣ, савдои одамон, шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд. Ба ҷавонон тавсия дода шуд, ки вақти худро самаранок истифода бурда, ба омӯзиши касбу ҳунар ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию фарҳангии худ таваҷҷуҳ намоянд. Ҳамчунин зарурати риояи тарзи ҳаёти солим ва дурӣ ҷустан аз амалҳои ғайриқонунӣ таъкид гардид.
Дар фарҷоми чорабинӣ таъкид гардид, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва сари вақт расонидани маълумоти зарурӣ ба шаҳрвандоне, ки нияти муҳоҷирати меҳнатӣ доранд, барои пешгирии ҳолатҳои номатлуб ва таъмини муҳоҷирати қонунӣ ва бехатар аҳамияти муҳим дорад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

