Гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, ки дар он шуъбаи Хадамоти муҳоҷират низ шомил буд, суҳбату вохӯриҳо бо сокинони деҳаҳои Аҳорун, Зарнисор, С. Табаров ва Батош баргузор намуданд.
Дар ҷараёни суҳбату вохӯриҳо сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Турсунзода Қурбонҷон Эмомов баромад намуда, оид ба қонунгузориҳои нави муҳоҷиратӣ, тартиби дурусти истифодаи барномаи “Амина”, ҳолатҳои пешгирикунандаи қонунгузорӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, таъмини кафолатҳои меҳнатӣ, инчунин оид ба рияои талаботҳои бехатарӣ дар истеҳсолот маълумотҳои муфид доданд.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки ҳангоми оғози фаъолияти меҳнатӣ бо корфармоёни хориҷӣ зарур аст, ки шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонида, як нусхаи асли онро дар худ нигоҳ доранд, чун ҳангоми мушкилот дар самти пардохти музди меҳнат ва ҳифзи кафолатҳои меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати танзимкунанда ва тасдиқкунандаи юридикӣ шартномаи меҳнатӣ ба ҳисоб меравад.
Зикр гардид, ки дар замони муосир истифодаи воситаҳои муосиртарини дастрасӣ ба иттилоот барои ташаккули андешаи фикрии инсоният мусоидат намуда, мутаассифона истифодаи нодурусти шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои мамнуъ муҳоҷирони меҳнатиро ба доми фиреб оварда, онҳоро мувоҷеҳи мушкилоти зиёд мегардонад. Вобаста ба ин ба сокинони шаҳр тавсия дода шуд, ки аз истифодаи сомонаҳои мамнуъ худдорӣ намуда, фарҳанги дурусти истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро риоя намоянд.
Дар ҳолати пеш омадани мушкилот ва ё пайдо гардидани саволҳо дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, метавонандд ба мутахассисони Намояндаи Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР дар тамос бошанд.
Инчунин, дар рафти суҳбату вохӯриҳо баромадкунандагон аз дигар сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оид ба масъалаҳои таъмини тозагиву озодагии ташкилоту муассисаҳо, кӯчаву маҳаллаҳо, манзили истиқоматии ҳар як оила дар деҳот, тақвият додани корҳои ободониву созандагӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, зӯроварӣ дар оила, фаро гирифтани занону духтарон ба касбомӯзӣ, риояи қонунҳои амалкунанда, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии тамоюли бегонапарастӣ, даст назадан ба амалҳои коррупсионӣ, риояи талаботи меъёрию ҳуқуқӣ ҳангоми муҳоҷират ва оид ба дигар масъалаҳои мубрами рӯз ибрози андеша намуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

