Терроризм ва экстремизм дар ҷаҳони имрӯз аз хатарҳои умумибашарӣ маҳсуб ёфта, ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳарос овардааст. Албатта дар пешрафтҳои гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ дасти ашхоси махсус низ ҳаст, ки манфиати худро аз пешрафти низоъҳои қавмиву нажодӣ ва диниву давлатӣ мебинанд. Таҳким бахшидан ба низоъҳои сиёсии давлатҳо барои густариши терроризм ва экстремизм заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар ҷаҳони имрӯз, ки хеле пуртазоду печ дар печ аст, мардуми мо, пеш аз ҳама, ҷавонони моро зарур аст, ки барои бартараф намудани ақидаҳои хурофотӣ ва дур аз арзишҳои милливу маънавӣ дар ҳазар бошанд. Бояд эътироф кард, ки гурӯҳҳои ифротие, ки бо номи Давлати исломӣ ба ҳаргуна зиштиву золимӣ даст мезананд, ҳеч иртиботе ба исломи ҳақиқӣ надоранд. Дар ин бора борҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд. Ислом ҳаргиз ба терроризм ва экстремизм иртибот надорад. Дар партави сиёсати огоҳонаи Пешвои миллат метавон афзуд, ки терроризм дар ҷомеаи имрӯз ба вабои аср табдил ёфта, хатари ҳамешагиро миёни насли ҷавон ба миён овардааст.
Аз вазъи давлатҳои ҷангзада маълум аст, ки дар назди аҳли террор ва экстремист ягон арзишҳои инсонӣ вуҷуд надорад. Ҳанӯзам сабабгори аслии қатли кӯдакон, аз байн бурдани мардуми бегуноҳу осоишта, вусъат бахшидан ба фақру нодорӣ ва гуруснагӣ миёни мардуми азияткашида террористҳову экстремистҳо мебошанд. Ҳадафи аслии ин гурӯҳҳои ифротӣ, пеш аз ҳама, ба сари қудрат омадан ва амалӣ намудани манфиатҳои шахсӣ аст. Дар ин раванд ба ҳар роҳу восита дар ҷалби ҷавонони нохудогоҳи камсавод ва хурофотиву зудбовар мекӯшанд. Яке аз равишҳое, ки гурӯҳҳои ифротӣ барои ба даст овардани ҷонибдорони худ ба роҳ мондаанд, ин пешниҳод намудани маблағи муайян мебошад. Аксари ҷавонон маҳз барои ба даст овардани ин гуна маблағҳои муфт ба ҳамин гурӯҳҳои ифротӣ шомил мешаванд, ки оқибати басо нангин дорад ва ба марги маҷбурӣ анҷом меёбад. Аз ин рӯ, лозим аст, ки дар тафаккури ҷавонон ҳисси муфтхӯрӣ ва танбалӣ роҳ наёбад. Барои ҳамин ҳам, дар самти густариши маърифати иҷтимоӣ ва сиёсии ҷавонон беш аз пеш бояд чораҳои зурурӣ ҳам аз ҷониби муассисаҳои таълимӣ ва ҳам аз тарафи хонавода андешида шаванд.
Дигар аз масъалаҳое, ки ҷавонони моро ба коми гурӯҳҳои ифротӣ равона месозад, огоҳии зарурӣ надоштан аз зарурияти диния ва фиқҳи ҳанафӣ мебошад. Дар ҳама китобҳои бузургон омадааст, ки мардуми нодон ва ё ҷавони ноогоҳро ба ин ё он гурӯҳ шомил сохтан кори саҳлу сода аст. Зеро ҷавоне, ки аз мустақилияти фикрӣ орист, наметавонад ба таври мустаққил тасмим бигирад. Дар чунин ҳолат аксари ҷавонони мо ҳам ба ғуломи фикрӣ ва ҳам ба ғуломи худии гурӯҳҳои ифротӣ табдил меёбанд. Мусаллам аст, ки дин ҳамеша инсониятро ба некиву накӯкорӣ ва покиву растагорӣ раҳнамун месозад. Дини мубини Ислом, ки дар ҳар давру замон барои арҷ гузоштан ба арзишҳои инсонӣ муносибтарин пешаҳо ва осонтарин барномаи саодати инсониро пешкаш кардааст, ҳаргиз ба инсонкушӣ иртибот надорад. Аммо, нерӯҳои ифротӣ ба номи дин ҳадафҳои ғаразмандонаи хуро пиёда мезозанд, ки дар назари ҷавонони ноогоҳ ягона роҳи халосӣ аз мушкилоти ҳаётӣ аст. Ин гуна муносибат теъдоди террорҳоро зиёд карда, мардумро ба ваҳшат меоваранд.
Тоҷикистони азизи мо дар қатори давлатҳои сулҳхоҳи ҷомеаи имрӯз ҷонибдони маҳкум намудани терроризм ва экстремизм мебошад. Нигаҳдошт ва бузургдошти сулҳу ваҳдат дар қаламрави кишвар аз муҳимтарин қарзи инсонии мо аст, ки ба ҳазорон қурбониву ҷоннисорӣ ба даст омадааст. Дар ин самт хидмати таърихии Пешвои миллатро метавон борҳо мисол овард, ки арзиши беназирро дорост.
Сиёсати давлатӣ дар самти дастгирӣ ва рушди ҷавонон зери таваҷҷуҳи хоси Пешвои миллат қарор дошта, ба фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди зеҳнӣ, касбӣ ва иҷтимоии насли ҷавон равона гардидааст. Ҷавононро зарур аст, ки дар партави сиёсати хирадгароёна масъулияти иҷтимоии худро бештар эҳсос намуда, бо такя ба тафаккури илмӣ, ҷаҳонбинии фарогир ва арзишҳои инсонгароёна, на бар пояи тафриқаҳои динӣ, мазҳабӣ ва қавмӣ, дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ва рушди устувори ҷомеа саҳми арзанда гузоранд.
Рустам Ҳалимзода,
Мутахассиси пешбари бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Ваҳдат

