Ҳамарӯза кормандони Хадамоти муҳоҷират дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” бо шаҳрвандоне, ки ба минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия тавассути ҳавопаймо барои фаъолияти меҳнатӣ сафар менамоянд, корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуда истодаанд.
Дар рафти вохӯрӣ ба шаҳрвандон вобаста ба муҳоҷирати бехатар, риояи талаботҳои бехатарӣ дар истеҳсолот, танзими раванди будубоши муваққатӣ, фаъолияти меҳнатии қонунӣ, тартиби ба имзорасонии шартномаи меҳнатӣ, риояи талаботҳои санитариву гигиенӣ дар зимни фаъолияти корӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба самти муҳоҷирати меҳнатӣ муҳокима гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки ба имзо расонидани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо вазъи ҳуқуқии шаҳрвандонро дар кишвари қабулкунандаи қувваи корӣ таъмин намуда, кафолати бехатарӣ дар истеҳсолоти шаҳрванди хориҷиро таъмин менамояд.
Дар идомаи вохӯрӣ вобаста ба гаравиши ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатӣ ба гурӯҳҳои ифротгароӣ, террористиву экстремистӣ, нашъаҷалобӣ иттилоъ дода шуда, даъват ба амал оварда шуд, ки аз ҳар гуна гурӯҳҳои мухолифатангез дурӣ ҷуста, аз бемориҳои сироятшаванда худ ва аъзои аоилаи худро эмин нигоҳ доред.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба шаҳрвандон варақаи иттилоотии Хадамоти муҳоҷират тақсим карда шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
