Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Хоруғи (ВМКБ) масъулини МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафраи муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе якҷоя бо Маркази захиравии муҳоҷирон (ICMPD) бо сокинони Ҷамоати шаҳраки Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ вохӯрӣ баргузор намуданд.
Мақсади асосии вохӯрӣ гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии муҳоҷирони меҳнатӣ аз талаботи қонунгузории кишвари иқомат ва шарҳу тавзеҳи тағйироти охирини қонунгузории Федератсияи Россия дар самти будубоши шаҳрвандони хориҷӣ, фаъолияти меҳнатӣ ва риояи тартиби ҳуқуқии иқомат дар қаламрави ин кишвар буд.
Зимни мулоқот ба сокинон оид ба тағйироти нави қонунгузорӣ, қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ, тартиби ба расмият даровардани фаъолияти меҳнатӣ, зарурати риояи қатъии талаботи қонунгузории кишвари қабулкунанда, инчунин аҳаммияти бастани шартномаи меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кормандон маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Ҳамзамон, ба масъалаҳои риояи қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар истеҳсолот, талаботи беҳдоштӣ ва гигиенӣ, роҳҳои интиқол ва сироятёбӣ аз бемориҳои сироятӣ, инчунин тадбирҳои пешгирии паҳншавии чунин бемориҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Дар идомаи вохӯрӣ сокинон, ки қисми зиёди фарзандони онҳо дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, ба ҳушёрӣ ва масъулиятшиносӣ даъват гардида, зарурати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ва террористӣ, инчунин худдорӣ намудан аз иштирок дар чорабиниҳо ва фаъолиятҳои ғайриқонунӣ таъкид карда шуданд. Илова бар ин, тавсия дода шуд, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш, такмили малакаҳои касбӣ, азхуд намудани технологияҳои муосир ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода баранд.
Дар анҷоми мулоқот сокинони шаҳраки Исмоили Сомонӣ вобаста ба масъалаҳои фаъолияти меҳнатӣ, будубоши қонунӣ ва риояи талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Федератсияи Россия саволҳои худро пешниҳод намуданд. Мутахассисони МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” ва Маркази захиравии муҳоҷирон (ICMPD) ӣ ба саволҳои матраҳгардида посухҳои мушаххас дода, тавсияҳои зарурии ҳуқуқӣ пешниҳод карданд.
Бояд тазаккур дод, ки дар доираи сафари корӣ масъулин бо муовини раиси шаҳри Хоруғ Ниятбекзода Ғолиб мулоқоти судманд анҷом доданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
