дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ
12-уми октябри соли 2026 дар Хадамоти муҳоҷират маҷлиси ҷамъбастии натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти муҳоҷират дар нуҳ моҳи соли 2026 ва вазифаҳои минбаъда баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Норзода Шариф, Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо, муовини якуми сардори Хадамот, сардорони раёсатҳо дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, шуъба ва бахшҳои он дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, директорони МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” иштирок доштанд.
Дар ҷаласа муовини якуми Сардори Хадамоти муҳоҷират Шарифзода Маҳмадсалим Пир аз рўи натиҷаҳои фаъолияти ҷамъбасти нуҳмоҳаи соли 2026 маърўза намуда, қайд карданд, ки Хадамоти муҳоҷират фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Ҳукумат, дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ва Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муҳоҷират”, “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ”, “Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040”, супоришҳои вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба роҳ монда, дар ҳафтмоҳи соли ҷорӣ ба натиҷаҳои зерин ноил гардид.
Ҳамзамон, дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои нави МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе, аз ҷониби Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе бунёд гардида аз таъмири асоси бароварда шуд.Маркази мазкур вобаста ба масъалаҳои касбомузӣ, забономузӣ ва муташаккилона сафарбар намудан ба хориҷи кишвар дар асоси шартнома ва созишномаҳои дутарафа қабул менамояд.
Раисикунандаи ҷаласа Нодирзода Иматшо аз сардорони раёсатҳо, шуъбаву бахшҳо ва директорони МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе, ва вилоятҳои Суғду Хатлон роҷеъ ба масъалаҳои ҷойдошта пурсиш ба амал оварда, аз ҷумла, дар бораи ҷоннок намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо шаҳрвандон, бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони бозгашта, инчунин ба касбомӯзӣ ва забономӯзӣ машғул шудани шаҳрвандон ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар интиҳо муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Норзода Шариф аз фаъолияти Хадамоти муҳоҷират изҳори қаноатмандӣ карда, барои фаъолияти минбаъда вазифагузорӣ намуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

