Бо мақсади пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон, аз ҷониби мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт Назарзода Сулҳия дар якҷоягӣ бо намояндаи шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия Мамадҷонова Ойсара дар байни сокинон вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ба иштирокчиён оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро, оқибатҳои номатлуби чунин амалҳо, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд.
Ҳамзамон, масъалаҳои муқовимат ба савдои одамон, пешгирии истисмори меҳнатӣ, муҳоҷирати бехатар, интихоби роҳҳои қонунии сафар ба хориҷи кишвар ва санҷидани эътимоднокии шахсону ташкилотҳое, ки барои бо кор таъмин намудан дар хориҷи кишвар мусоидат мекунанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Инчунин, намояндаи шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Ашт оид ба имкониятҳои бо ҷойи кори муносиб таъмин намудани шаҳрвандон, касбомӯзӣ ва ҷалби ҷавонон ба шуғли расмӣ маълумот пешниҳод намуданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ таъкид гардид, ки пешгирии падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вазифаи муштараки сохторҳои дахлдор ва ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Муркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

