Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Шаҳритус мувофиқи ҷадвали баргузории корҳои иттилоотӣ – фаҳмондадиҳӣ дар Ҷамоати деҳоти Пахтаобод деҳаи Султонобод дар МТМУ №18 бо иштироки муовини раиси ноҳия ва дигар сохторҳои марбута суҳбату вохӯрӣ бо волидон, омӯзгорону хонандагон баргузор гардид.
Баромадкунандагон доир ба муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пешгирии шомилшавии ҷавонон, хусусан муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳӣ, бурдани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ, ҷалби ҷавонон ба ватандӯстию хештаншиносӣ, хизмат ба Модар Ватан, ба кор ҷалб намудани муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан бозгашта дар дохили кишвар, қонунҳои нави кишвари Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон, дар рафти вохӯрӣ намояндаи Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО” дар ноҳия иброз намуд, ки дар доираи “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифати тиббии сокинони мамлакат, тағйири рафтор нисбат ба саломатии хеш, дарки моҳияти тарзи ҳаёти солим, татбиқи барномаҳои самараноки минтақавӣ оид ба ташаккули тарзи ҳаёти солим амали гардида истодааст.
Намояндаи соҳа қайд намуд, ки бемории вируси норасоии масунияти одам яке аз масъалаҳои ҳалталаби ҷомеаи имрӯзаи ҷаҳонӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Баромадкунанда оиди бемории вируси норасии масунияти одам, таърихи пайдоиш, роҳҳои интиқол, роҳҳои пешгирӣ, табобат, вазъи эпидемиологии ВНМО дар ҷаҳон ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод кард.
Аз ҷониби сокинон ба масъулин саволҳо пешниҳод гардида, ба онҳо посухҳои мушаххас гардонида шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

