• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Вохӯрии судманд дар ноҳияи Ванҷ

Migration Service by Migration Service
15.10.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Вохӯрии судманд дар ноҳияи Ванҷ
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

15 октябри соли равон, тибқи нақша дар идомаи сафари корӣ намояндагони Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе ва Маркази захиравии муҳоҷирон (ICMPD), бо дастгирӣ ва мусоидати роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ, бо иштироки муовини Раиси ноҳия Лавунчазода Ганҷина дар бинои КИ ҲХДТ бо фаъолон ва сокинони ноҳия вохӯрии судманд баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот иштирокдорон оид ба тартиби истифодаи замимаи мобилии «Амина» маълумот гирифтанд. Зикр гардид, ки тибқи маълумоти пешниҳодшуда, аз 1 сентябри соли 2026 доираи истифодаи замимаи мазкур дар шаҳри Москва ва вилояти он васеъ гардида, он барои бақайдгирии ҷойи зисти категорияҳои нави шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба Федератсияи Россия бе раводид ворид мешаванд, пешбинӣ шудааст.

Инчунин, дар идомаои вохӯрӣ ба шаҳрвандоне, ки нияти сафар ба Федератсияи Россияро доранд, тавсия дода шуд, ки ҳангоми муроҷиат ба миёнаравон, агентҳои хусусӣ ва шахсони пешниҳодкунандаи хизматрасониҳо дар самти дарёфти ҷойи кор, тамдиди бақайдгирӣ, гирифтани патент ва дигар ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ эҳтиёткор бошанд.

Таъкид гардид, ки баъзе шахсони бевиҷдон худро кормандони мақомоти давлатӣ ё шарикони расмӣ муаррифӣ намуда, бо пешниҳоди маълумоти бардурӯғ ваъдаи хизматрасониҳои гуногун медиҳанд ва аз шаҳрвандон маблағ талаб мекунанд. Аз ин рӯ, пеш аз пардохти маблағ ва супоридани ҳуҷҷатҳои шахсӣ, шаҳрвандон бояд эътимоднокӣ ва қонунӣ будани фаъолияти шахс ё ташкилоти хизматрасонро санҷанд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ба самъи иштирокдорон расонида шуд, ки огоҳӣ аз талаботи қонунгузории муҳоҷиратӣ, омодагии пешакӣ ба сафар, санҷиши ҳуҷҷатҳо ва истифодаи манбаъҳои расмии иттилоотӣ аз омилҳои муҳими пешгирии мушкилот ва таъмини будубоши қонунӣ дар кишвари қабулкунанда ба ҳисоб мераванд.

Бояд тазаккур дод, ки чунин вохӯриҳои машваратӣ барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва коҳиш додани хавфи қаллобӣ мусоидат намуда, ба омодагии дурусти шаҳрвандон ба сафар ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо равона шудаанд.

 Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

ЭЪЛОН!

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.