КОР ДАР ОЛМОН — ҲАМШИРАҲОИ ШАФҚАТ (МЕДСЕСТРА)!
Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони дорои маълумоти тиббиро барои кор дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон даъват менамояд.
ВАЗИФА: ҲАМШИРАИ ШАФҚАТ (ҲАМШИРАИ ТИББӢ, МЕДСЕСТРА!)
Талабот ба довталабон:
- Доштани дипломи тиббӣ аз рӯйи ихтисоси ҳамшираи шафқат;
- Таҷрибаи корӣ аз 2 то 3 сол;
- Донистани забони олмонӣ дар сатҳи B2;
- Доштани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи таҳсилот ва таҷрибаи корӣ.
Шароити кор:
- 💶 Маош: аз 2 400 евро дар як моҳ;
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ва тартиби пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатии Хадамоти муҳоҷират муроҷиат намоед.
📞 Телефон барои маълумот: 225 05 75
📍 Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ, 121.
Реҷаи корӣ: Душанбе-Ҷумъа аз 8:00 то 17:00
Хадамоти муҳоҷират аз шаҳрвандон даъват менамояд, ки танҳо тавассути манбаъҳои расмӣ маълумот гирифта, пеш аз тасдиқи расмии шартҳои кор аз пардохти маблағ ба миёнаравони ғайрирасмӣ худдорӣ намоянд.
