Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Файзобод бо иштироки муовини раиси ноҳия Рашидзода Махфират Мансур ва дигар намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар Ҷамоати деҳоти Бустон бо фаъолон, сокинон ва муҳоҷирони меҳнатии бозгашта сӯҳбати самимӣ доир намуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ баромадкунандагон вобаста ба тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи баланди ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ, пешгирии баъзе ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ, самаранок истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ, баланд бардоштани сатҳи ҳушёрию зиракии сиёсии мардум, садоқат ба халқу Ватан, сарҷамъ гардидан дар атрофи сиёсати созандагиву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд.
Инчунин, оиди масъалаҳои таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, амалишавии қонунҳои миллӣ, пешгирии гаравиши баъзе ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ, дастгирии ташаббусҳои созанда, роҳ надодан ба зиёдаравию хурофот, вазъи мураккаб ва пешгӯйинашавандаи ҷомеаи ҷаҳон, таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон, баланд бардоштани маърифати шаҳрнишинии сокинон суханронӣ намуданд. Гуфта шуд, ки дар баробари таваҷҷуҳи хос ба рушди илму маориф ва дастгирии ҷавонон, дар Паёми имсолаашон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи баланд бардоштани нуфузи байналмилалии кишвар низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Басонат Азизова оид ба риояи қонунгузории кишвари иқомат, бахусус Федератсияи Россия, тартиби ба роҳ мондани фаъолияти ҳар як муҳоҷир тибқи талаботҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ, барасмиятдарории саривақтии ҳуҷҷатҳои дахлдори танзимкунандаи будубоши қонунӣ, дури ҷустан аз ҳар гуна гурӯҳҳои террористиву экстремисти, ифротгарову хуруфотпараст ва оиди бемориҳои вируси норасоии масъунияти бадан (ВИЧ/СПИД), суханронӣ намуд.
Дар анҷом, ҳамаи иштирокчиён имконият пайдо карданд, ки саволҳои худро пешниҳод намуда, ҷавобҳои зарурӣ дарёфт намоянд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

