Бо як ҳисси баланди масъулиятшиносӣ кормандони Хадамоти муҳоҷират дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни шаҳрвандоне, ки ба хориҷи кишвар сафар мекунанд, аз ҷумла барои фаъолияти меҳнатӣ ба Федератсияи Россия равонаанд, идома дода истодаанд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ба он нафароне, ки барои фаъолияти меҳнатӣ ба кишвари Россия равонаанд, таъкид карданд, ки ҳатман шиносномаи худро дар сохторҳои Хадамоти муҳоҷират ва Намояндагии муассисаи федералии воҳиди давлатии (Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводид)-и ВКД ФР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ПВС), ки дар бинои Хадамоти муҳоҷират ҷойгир аст, аз маҳзани манъшудагон санҷида баъдан азми сафар намоянд, зеро назорат дар сарҳадоти қаламрави кишвари Россия пурзур карда шудааст.
Ҳамзамон, дар рафти вохӯрӣ бо он шаҳрвандоне, ки аз Федератсияи Россия ба Ватан баргаштаанд ҳамсуҳбат шуда, дар таъмин намудани онҳо бо ҷойи кории холӣ дар ширкатҳои ватанӣ, инчунин ба касбомӯзӣ ва забономӯзӣ ҷалб намудани онҳо дар муассисаҳои таълимии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсияҳои муфид дода шуданд.
Ҳамчунин, ба маълумоти шаҳрвандони ҷумҳурӣ расониданием, ки дар Хадамоти муҳоҷират хати оҷилӣ (кол – центр) фаъолият дорад, шаҳрвандон метавонанд бо рақами 900800800 дар тамос бошанд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
