Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҷашнҳои муҳимтарин ва муқаддаси миллии кишвар ба шумор меравад, ки ҳамасола 6 ноябр бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.
Маҳз 6 ноябри соли 1994 дар давраи барои кишвар ҳассоси сиёсӣ бо ташаббуси Сарвари давлат райпурсии умумихалқӣ нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо қабули ин ҳуҷҷати тақдирсоз роҳи ояндаи худро интихоб намуда, заминаҳои ҳуқуқии бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоиро устувор гардонид.
Конститутсия ҳамчун Қонуни асосии кишвар, омили асостарини таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва соҳибихтиёрии давлат гардид. Он инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эълон кард. Мувофиқи ин санад, Тоҷикистон ба ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ пайваста, дар арсаи баӣналмилалӣ мавқеи сазовори худро пайдо намуд.
Коршиносони байналмилалӣ дар вақташ Конститутсияи Тоҷикистонро барои кафолатҳои ҳуқуқии инсон ба қатори панҷ Конститутсияи беҳтарини ҷаҳон шомил карда буданд. Вобаста ба рушди ҷомеа ва дигаргуниҳои сиёсию иҷтимоӣ, ба ин ҳуҷҷати асосӣ се маротиба тавассути райпурсиҳои умумихалқӣ (солҳои 1999, 2003, 2016) тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки онҳо ба такмили сохтори давлатдорӣ ва фаъолияти парлумони дупалатагӣ мусоидат намуданд.
Имрӯз, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳнамои асосии мо дар роҳи ободӣ, пешрафти иқтисодӣ ва таъмини ҳаёти шоистаи ҳар як шаҳрванди кишвар аст.
Саторова М,
Сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд

