Бо ташаббуси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мулоқоти судманд бо сокинон, раисони маҳаллаҳо, директорони муассисаҳои таълимӣ ва эмомхатибон дар Ҷамоати деҳоти Ифтихор баргузор гардид.
Зимни мулоқот намояндаи шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия оид ба талаботҳои нави қонунгузории кишвари иқомат, аз ҷумла Федератсияи Россия, пешгирӣ аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротгароӣ, тундгароӣ, ҷараён ва мазҳабҳои гуногун ва гурӯҳҳои хавфноку экстремистӣ, истифодаи оқилонаи воситаҳои иттилоотрасонӣ дар шабакаи ҷаҳонии интернет, тарғибу ташфиқи ғояҳои давлатӣ ва танзими будубоши қонунии шаҳрвандони хориҷӣ дар кишвари иқомат, риояи талаботҳои қонунгузорӣ ва дигар масъалаҳои муҳоҷиратӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Зикр гардид, ки дар самти бурдани корҳои итилоотрасонӣ оид ба талаботҳои қонунгузории кишвари иқомат ва тартиби воридшавию дарёфти иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ, дар умум оид ба дарёфти тавсияҳои ҳуқуқӣ аз ҷониби Хадамоти муҳоҷират маводҳо омода карда шуда, ба шаҳрвандон дастрас мегард. Инчунин, дар сомонаи Хадамоти муҳоҷират ва шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карда мешаванд, ки шаҳрвандон метавонанд аз ин манбаъҳо васеъ истифода намоянд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба иштирокдорон варақаҳои иттилоотӣ тақдим гардида, гузаронидани чунин вохӯриҳои фаҳмондадиҳиро дар ин самт густариш медиҳанд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

