Коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, ҳамчун ҷинояти вазнин яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушди суботи иҷтимоию иқтисодии давлат мегардад.
Коррупсия аз калимаи лотинӣ гирифта шуда, маънои фасод вайронкунанда ва зараррасонандаро дорад. Бисёр вақт коррупсияро танҳо ҳамчун порагирӣ мефаҳманд, вале ин маҳфум хеле васеъ аст: порагирӣ ва порадиҳӣ, яъне додан ё гирифтани маблағ ва соҳиб шудан ба неъматҳо барои ин ё он иҷрои амал, ба мансабҳои давлатӣ таъин кардани хешовандон ё наздикон бар зидди талаботи қонун, аз худ кардан ё тороҷ сохтани маблағҳои давлатӣ ва амволи боваркардашуда, дасткории ҳуҷҷатҳо ва ворид намудани маълумоти бардурӯғ барои манфиати шахсӣ ва бисёр дигар ҳолатҳо.
Ин падидаи номатлуб ба иқтисодиёт ва ҷомеа зарари ҷиддӣ мерасонад. Он боиси рушди иқтисодиёти пинҳонӣ, кам шудани воридоти андоз, хароб гаштани рақобати солим ва афзоиши камбизоатӣ мегардад. Муҳимтар аз ҳама, коррупсия боварии шаҳрвандонро ба давлат коҳиш дода, ба адолати иҷтимоӣ зарба мезанад.
Коррупсия падидаест, ки дар натиҷаи сӯиистифода аз ваколатҳои хизматӣ бо мақсади ба даст овардани манфиати шахсӣ ба вуҷуд меояд. Он метавонад дар шаклҳои гуногун-ришваситонӣ, сӯиистифода аз мансаб, тақаллубкорӣ ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ зоҳир гардад.
Таъсири манфии коррупсия бисёрҷабҳа мебошад:
– коста гардидани боварии мардум ба мақомоти давлатӣ;
– паст шудани сатҳи адолат ва баробарӣ дар ҷомеа;
– халалдор шудани рушди иқтисодӣ;
– коҳиши сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон.
Ҳангоми паҳн гардидани коррупсия арзишҳои ахлоқӣ, аз ҷумла ростқавлӣ, инсоф ва адолат заиф мегарданд. Ин ҳолат метавонад дар шуури ҷавонон таассуроти нодуруст ба вуҷуд оварад, ки гӯё муваффақият танҳо тавассути роҳҳои ғайриқонунӣ имконпазир аст. Аз ин рӯ, мубориза бо коррупсия пеш аз ҳама мубориза барои покии маънавии ҷомеа мебошад.
Фарҳанги зиддикоррупсионӣ маҷмуи дониш, ҷаҳонбинӣ ва рафторест, ки ба рад кардани ҳама гуна амалҳои коррупсионӣ равона шудааст. Вақте ки дар ҷомеа чунин фарҳанг ташаккул меёбад, шаҳрвандон ба қонун эҳтиром мегузоранд ва дар ҳифзи адолат фаъолона иштирок мекунанд.
Сатторова Манзурат,
Сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд

