Дар пешгуфтори Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст: “Халқи Тоҷикистон қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин Конститутсияро эълон менамояд.”
Ин санади тақдирсоз ҳуқуқи шаҳрвандонро ба зиндагӣ, ба меҳнат, ҳифзи саломатӣ, таҳсил, нафақа, истироҳату моликият, пайравӣ намудан ба дину мазҳабҳои гуногун ва ҳизбҳои сиёсӣ кафолат медиҳад. Маҳз бо шарофати қабули Конститутсия мардуми кишвар бахти хешро ёфтанд ва дар роҳи расидан ба мақсадҳои олии худ қадам гузоштанд. Ҳамаи ин халқи баору номуси ватанро водор месозад, ки санади таърихӣ ва муқаддасро эҳтиром намоем ва барои риояи қонунҳову адолати иҷтимоӣ кӯшиш намоем.
Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон бо интихоби ҳайати нави Ҳукумат бо сарварии Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон барои барқарор намудани институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва амалӣ намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ҷомеа шароит фароҳам овард. Баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ эҷоди санаду қонунҳои нав ва барои ин амал қабули Конститутсияи нав зарур буд. Зеро дар он марҳила маълум набуд, ки мо кадом роҳи рушди ҷомеа ва кадом шакли идораи давлатро интихоб менамоем. Хушбахтона 6-уми ноябри соли 1994 бо тарафдории 87,59% овозҳо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд. Аз ин ҷост, ки ҳар сол 6-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
Хотирнишон бояд сохт, ки ин санади олии ҳуқуқӣ аз ҷониби коршиносон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, мутахассисони Федератсияи Россия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои Аврупо баҳои баланд гирифт. Гузашта аз ин, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф шуд. Он ба сифати Қонуни асосӣ заминаҳои ҳуқуқии давлат, дахлнопазирӣ ва якпорчагии кишвар, манфиатҳои миллӣ, ҳадафҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ ва асосҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистонро муайян сохт.
Муҳимтар аз ҳама, Конститутсияи нахустини Тоҷикистони соҳибистиқлол ба кишвари мо имконият дод, то ба сафи давлатҳои демократии ҷаҳони муосир ворид шавад ва ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардад.
Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол қавлу қасами миллати тоҷик дар назди худ ва халқи ҷаҳон дар мавриди бунёди давлати демократӣ, дунявӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ аст”.
Сиву ду соли амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон собит сохт, ки қонуни асосии давлати мо аз имтиҳони бисёр ҷиддии ҳаёт гузашт ва дурустии мақсаду вазифаҳо ва арзишҳое, ки Конститтутсия ба он асос ёфтааст, исбот гардид. Ин аст, ки имрӯзҳо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҷумлаи Конститутсияҳои беҳтарини дунё шомил мегардад.
Адушаҳидов Ҳумоюн,
Сардори Раёсати ҳуқуқ, кадр ва корҳои махсуси Хадамоти муҳоҷират
