Аз ҷониби масъулини шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Турсунзода вохӯрии иттилоотию фаҳмондадиҳӣ бо сокинон дар бозори марказии шаҳр баргузор гардид.
Ҳадафи асосии вохӯрӣ баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, шарҳу тавзеҳи талаботи қонунгузории муҳоҷиратии Федератсияи Россия, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва мусоидат ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии муҳоҷирони меҳнатӣ арзёбӣ гардида, дар ҷараёни вохӯрӣ ба масъалаҳои риояи қонунгузории муҳоҷират, таъмини амнияти шахсӣ ва пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Аз ҷумла, ба иштирокчиён тавсия дода шуд, ки аз ҳар гуна амалҳои ғайриқонунӣ ва робита бо гурӯҳҳои ифротгаро худдорӣ намуда, ҳангоми истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ, мутолиа ва паҳн намудани маводи иттилоотӣ эҳтиёткор бошанд.
Ҳамзамон, масъалаҳои риояи қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар ҷойи кор, ҳифзи саломатӣ ва пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВНМО/БПНМ ва бемории сил, тавсия дода шуда, ба шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар кишвари Федератсияи Россия қарор доранд, зарурати ҳифзи саломатии худ ва риояи талаботи бехатарӣ ҳангоми фаъолияти меҳнатӣ хотиррасон карда шуданд.
Ҳамчунин оид ба тартиби будубоши қонунӣ дар қаламрави Федератсияи Россия, барқарор намудани ҳуҷҷатҳои гумшуда, аз ҷумла шиноснома, корти муҳоҷиратӣ, ҳуҷҷатҳои қайди муҳоҷиратӣ ва патент, инчунин санҷиши вазъи ҳуқуқии шаҳрвандон дар кишвари иқомат маълумот ва тавсияҳои ҳуқуқӣ пешниҳод гардиданд.
Ҳамзамон, масъулини шуъбаи Хадамоти муҳоҷират ба саволҳои пешниҳоднамудаи шаҳрвандон посухҳои мушаххас гардонида, тавсия дода шуд, ки барои гирифтани маълумоти бештар сомонаи расмии Хадамоти муҳоҷиратро пайгирӣ намоянд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

