• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – бахтномаи миллат ва пояи устувори давлатдории миллӣ

Migration Service by Migration Service
27.10.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – бахтномаи миллат ва пояи устувори давлатдории миллӣ
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter



Конститутсия ба сифати бахтномаи миллат аз ҷумлаи муқаддасоти миллӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки омӯхтану эҳтироми онро ба фарзандони худ, яъне наслҳои ояндасоз аз хурдсолӣ талқин намоем.                                                                                                                  Эмомалӣ Раҳмон
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ ва шиносномаи давлатдории миллӣ дар таърихи навини халқи тоҷик мақому манзалати хосса дорад. Қабули ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз 6-уми ноябри соли 1994 яке аз рӯйдодҳои муҳимтарини таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор рафта, барои ташаккули давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ заминаи устувори ҳуқуқӣ гузошт. Имсол аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 32 сол сипарӣ мегардад ва ин санаи муборак моро водор месозад, ки ба арзишҳои волои миллӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва нақши қонун дар таҳкими давлатдорӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем.

Конститутсия на танҳо маҷмуи меъёрҳои ҳуқуқӣ, балки таҷассумгари орзуву ормонҳои таърихӣ, иродаи сиёсӣ ва мақсаду мароми мардуми Тоҷикистон мебошад. Он роҳи рушди минбаъдаи ҷомеаро муайян намуда, муносибатҳои муҳимми ҷамъиятиро танзим ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ҳамчун арзиши олӣ эътироф мекунад. Маҳз дар заминаи муқаррароти он фаъолияти мақомоти давлатӣ, сохторҳои идоракунӣ ва ниҳодҳои ҷамъиятӣ ба роҳ монда шуда, масъулияти ҳар як шаҳрванд дар назди давлат ва ҷомеа муайян мегардад.

Ёдовар мешавем, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои Тоҷикистон давраи мураккабу сарнавиштсоз буданд. Дар шароити ҳассоси сиёсиву иҷтимоӣ зарурати таҳияи санади олии ҳуқуқие ба миён омад, ки тавонад асосҳои сохтори давлатӣ, принсипҳои фаъолияти мақомоти ҳокимият ва самтҳои асосии рушди ҷомеаро муайян созад. Дар чунин вазъият қабули Конститутсияи нав ҳамчун талаботи таърихӣ ва амри зарурии замон ба миён омад.

6-уми ноябри соли 1994 мардуми Тоҷикистон дар раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул карданд. Ин рӯйдоди таърихӣ оғози марҳалаи нави ташаккули низоми ҳуқуқии кишвар гардид. Конститутсия барои таҳкими истиқлолияти давлатӣ, таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин рушди муносибатҳои нави ҷамъиятӣ заминаи муҳим фароҳам овард.

Қабули ин санади тақдирсоз дар шароите сурат гирифт, ки ҷомеаи Тоҷикистон ба сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва эҳёи сохторҳои давлатдорӣ ниёзи шадид дошт. Аз ин рӯ, Конститутсия дар баробари аҳаммияти ҳуқуқӣ, дорои арзиши бузурги сиёсиву таърихӣ низ мебошад. Он роҳи давлатро ба сӯи ҷомеаи мутамаддин, низоми муназзами идоракунӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ муайян кард.

Бо қабули Конститутсия пояҳои ҳуқуқии фаъолияти мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ мустаҳкам гардида, принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ҳамчун яке аз рукнҳои муҳимми давлати демократӣ инъикоси худро пайдо намуд. Ҳамзамон, соҳибихтиёрии халқ, волоияти Конститутсия ва қонунҳо, баробарии шаҳрвандон дар назди қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон аз ҷумлаи арзишҳои бунёдие мебошанд, ки дар низоми конститутсионии кишвар мавқеи асосӣ доранд.

Тазаккур бояд дод, ки Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми тоҷик имконият фароҳам овард, ки сарнавишти худро мустақилона муайян намуда, давлатдории миллии худро дар асоси арзишҳои таърихӣ ва талаботи замони муосир рушд диҳанд. Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ ин дастоварди бузургро таҳким бахшида, асосҳои ҳуқуқии мавҷудият ва фаъолияти давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро муқаррар намуд.

Дар моддаи якуми Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардидааст. Ин муқаррароти бунёдӣ моҳияти сохтори давлатӣ ва самтҳои асосии рушди ҷомеаро муайян карда, барои фаъолияти тамоми мақомоти давлатӣ ва дигар ниҳодҳо заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад.

Давлати ҳуқуқбунёд пеш аз ҳама давлатест, ки дар он қонун волоият дошта, фаъолияти мақомоти давлатӣ ва шаҳрвандон дар доираи меъёрҳои ҳуқуқӣ амалӣ мегардад.

Эҳтиром ба Конститутсия, риояи қонунҳо ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон шарти муҳимми таъмини адолат, суботи иҷтимоӣ ва рушди устувори мамлакат ба ҳисоб меравад.

Маврид ба зикр аст, ки яке аз муҳимтарин хусусиятҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофи инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ ҳамчун арзиши олӣ мебошад. Ин меъёри конститутсионӣ масъулияти давлатро дар самти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон муайян намуда, барои зиндагии шоиста, фаъолияти озод ва иштироки фаъолонаи мардум дар ҳаёти ҷамъиятӣ замина мегузорад.

Конститутсия ҳуқуқи шаҳрвандонро ба таҳсил, меҳнат, истироҳат, ҳифзи саломатӣ, моликият ва дигар ҳуқуқу озодиҳои асосӣ кафолат медиҳад. Дар баробари ин, ҳар як шаҳрванд вазифадор аст, ки талаботи қонунҳоро риоя намояд, ҳуқуқу озодиҳои дигаронро эҳтиром кунад, арзишҳои миллӣ ва фарҳангиро ҳифз намояд ва дар ободии Ватани азиз саҳми муносиб гузорад.

Маҳз дар заминаи эҳтиром ба қонун ва масъулияти шаҳрвандӣ ҷомеае ташаккул меёбад, ки дар он адолат, ҳамдигарфаҳмӣ, субот ва ҳамбастагии иҷтимоӣ таъмин мегарданд. Аз ин рӯ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, махсусан ҷавонон, яке аз вазифаҳои муҳимми ҷомеаи муосир ба ҳисоб меравад.

Ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва ояндасози миллат бояд моҳияти Конститутсия, ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандӣ ва аҳаммияти риояи қонунро хуб дарк намоянд. Тарбияи насли ватандӯсту худогоҳ, дорои маърифати ҳуқуқӣ ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ барои таҳкими давлатдорӣ ва рушди минбаъдаи Тоҷикистон аҳаммияти махсус дорад.

Таъкид кардан бо маврид аст, ки таҷрибаи таърихии Тоҷикистон собит месозад, ки сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва эҳтиром ба қонун аз омилҳои асосии пешрафти давлат ва ҷомеа мебошанд. Дар шароити имрӯза ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва нигоҳ доштани фазои орому осуда вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар аст.

Бо талошҳои пайгиронаи роҳбарияти олии давлат, бахусус сиёсати сулҳҷӯёна ва созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар кишвар заминаҳои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ таҳким ёфта, барои рушди минбаъдаи давлат шароити мусоид фароҳам оварда шуданд. Эҳтиром ба Конститутсия ва қонунгузории кишвар яке аз омилҳои муҳимми ҳифзи ин дастовардҳои таърихӣ мебошад.

Имрӯз ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки ҳифзи арзишҳои конститутсионӣ танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ нест, балки масъулияти умумии тамоми ҷомеа мебошад. Риояи қонун, эҳтироми рамзҳои давлатӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва саҳмгузорӣ дар ободонии маҳалли зист аз ҷумлаи амалҳое мебошанд, ки ба таҳкими давлатдорӣ мусоидат мекунанд.

Дар ин замина, фаъолияти мақомоти давлатӣ ва сохторҳои маҳаллӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, фаҳмонидани меъёрҳои қонунгузорӣ ва таҳкими ҳисси ватандӯстӣ аҳаммияти муҳим дорад. Ҳар қадар шаҳрвандон аз ҳуқуқу уҳдадориҳои худ огоҳ бошанд, ҳамон қадар барои бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва пешрафта шароити мусоид фароҳам мегардад.

Дар фарҷом иброз медорам, ки 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як фарди ватандӯсту худогоҳ фурсати муносибест, ки ба арзишҳои бунёдии давлатдорӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ назар афканад. Конститутсия ҳамчун бахтномаи миллат ва санади олии ҳуқуқӣ роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро муайян намуда, барои таҳкими истиқлолият, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таъмини зиндагии осоиштаи мардум заминаи устувор гузоштааст.

Бигзор Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи соҳибистиқлолӣ, адолат, ваҳдат ва бақои давлатдории миллӣ ҳамеша роҳнамои зиндагии ҷомеа бошад. Бигзор сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва эҳтиром ба қонун дар саросари кишвар пойдор монда, Тоҷикистони азиз дар роҳи пешрафту шукуфоӣ қадамҳои устувор гузорад.


Орифҷон Олимзода,

Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб

Previous Post

Баргузории вохӯрии иттилоотию фаҳмондадиҳӣ бо сокинон дар бозори марказии  шаҳри Турсунзода

Next Post

Конститутсия — пояи давлатдорӣ ва кафили ҳуқуқу озодиҳо

Next Post
Конститутсия — пояи давлатдорӣ ва кафили ҳуқуқу озодиҳо

Конститутсия — пояи давлатдорӣ ва кафили ҳуқуқу озодиҳо

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.