Конститутсия санади асосии ҳар як давлат буда, сохтори давлатдорӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандон ва фаъолияти мақомоти давлатиро муайян мекунад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун қонуни олии кишвар барои таҳкими давлатдорӣ, таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши муҳим дорад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Қабули он марҳилаи муҳим дар таърихи навини кишвар ба шумор меравад, зеро барои бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона замина гузошт. Баъдан ба Конститутсия бо роҳи раъйпурсӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.
Яке аз арзишҳои асосии Конститутсия эътирофи инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ ҳамчун арзиши олӣ мебошад. Ҳар як шаҳрванд ҳуқуқ ба зиндагӣ, таҳсил, меҳнат, ҳифзи саломатӣ, озодии сухан ва иштирок дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ дорад. Дар баробари ин, шаҳрвандон уҳдадоранд қонунҳоро риоя кунанд, ҳуқуқи дигаронро эҳтиром намоянд ва дар ободии кишвар саҳм гузоранд.
Конститутсия ҳамчунин тартиби фаъолияти шохаҳои ҳокимияти давлатиро муайян менамояд. Ҳокимияти давлатӣ ба шохаҳои қонунгузор, иҷроия ва судӣ ҷудо мешавад. Ин тақсимот барои фаъолияти муназзами давлат ва риояи қонун аҳамияти калон дорад.
Эҳтиром ба Конститутсия танҳо донистани санаи қабули он нест. Ҳар як шахс бояд мазмуну аҳамияти ин санади муҳимро омӯзад ва дар зиндагии ҳаррӯза қонунро риоя намояд. Ҳифзи сулҳу субот, эҳтироми ҳуқуқи дигарон ва иҷрои уҳдадориҳои шаҳрвандӣ нишонаи масъулиятшиносӣ ва ватандӯстист.
Хулоса, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пояи устувори давлатдорӣ ва кафили ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон мебошад. Ҳифзу эҳтироми он вазифаи ҳар як сокини кишвар аст. Ҷомеае, ки қонунро эҳтиром мекунад ва ҳуқуқу уҳдадориҳои худро медонад, метавонад ба сӯи пешрафт, ваҳдат ва зиндагии шоиста қадам гузорад.
Хайридинзода Исфандиёр,
Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон

