Дар деҳаи Самари Ҷамоати деҳоти Сафобахши ноҳияи Балҷувон бо сокинони маҳаллӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва вазъи шаҳрвандони бозгашта аз Федератсияи Россия суҳбату вохӯриҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ оид ба риояи қонунгузории Федератсияи Россия, қоидаҳои будубош ва фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ, инчунин талаботи қонунгузории кишвари қабулкунанда маълумот дода шуд.
Таъкид гардид, ки ҳар як шаҳрванде, ки нияти сафар ба хориҷи кишварро дорад, бояд пеш аз сафар бо қонунҳо ва қоидаҳои давлати қабулкунанда шинос шуда, забони он кишварро омӯзад ва ҳуҷҷатҳои заруриро тибқи талаботи муқарраргардида ба расмият дарорад.
Ҳамзамон, ба шаҳрвандони бозгашта тавсия дода шуд, ки ҳангоми сафар ба фаъолияти меҳнатӣ ба масъалаҳои бақайдгирӣ, риояи муҳлати будубош ва қоидаҳои фаъолияти меҳнатӣ диққати ҷиддӣ диҳанд, то ки дар оянда ба мушкилоти ҳуқуқӣ ва ихроҷ аз қаламрави кишвари қабулкунанда дучор нагарданд.
Чунин вохӯриҳои фаҳмондадиҳӣ барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии қонуншиканиҳо ва таъмини муҳоҷирати бехатару қонунӣ аҳаммияти муҳим доранд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

