Вазифаи ҷониву имонии ҳар яки мост, ки дастовардҳои бузурги милливу давлатиро таҳкиму тақвият бахшем ва ояндаи дурахшони Ватанамонро бо кору фаъолияти содиқонаву софдилона, яъне бо дастони худамон созем, ба арзишу меъёрҳои Конститутсия арҷ гузорем ва дар асоси он барои расидан ба ҳадафҳои созандаамон кӯшиш намоем.
Эмомали Раҳмон
Қабули Конститутсия дар таърихи давлатдории тоҷикон ва давраи соҳибистиқлол шудани он, саҳифаи навини заминагузории ҳуқуқӣ ва давлатсозӣ ба шумор меравад. Ин санади муҳим арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, аз қабили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, забони давлатӣ, рамзҳои давлатӣ, соҳибихтиёрии давлатӣ, ҳуқуқбунёдӣ ва иҷтимоӣ будани давлати Тоҷикистон ва дигар арзишҳои муҳими миллӣ аз нав эҳё ва муқаррар мекунад.
Конститутсия рамзи соҳибистиқлолии давлат ва арзишҳои миллӣ мебошад, зеро асоси ҳуқуқии давлатро ташкил медиҳад ва принсипҳои асосии ҳаёти ҷамъиятиро муайян мекунад.
Омӯхтан, донистан, эҳтиром гузоштан ва риоя намудани ин санади сарнавиштсоз вазифаи ҳар шаҳрванд аз хурд то бузург мебошад, чунки Конститутсия пояи давлати моро устувор нигоҳ дошта, роҳи моро ба сӯи ҷомеаи пешрафта, давлати тараққикарда ва зиндагии ободу озод ҳамвор месозад.
Хусусан, дар шароити пуртазоди ҷаҳонишавӣ ва вусъат гирифтани таҳдиду хатарҳои муосир, ки метавонанд истиқлоли миллӣ ва амнияти давлату ҷомеаи моро халалдор созанд, мо бояд ба эҳтироми Конститутсия ва риояи ҳатмии меъёрҳои он ҳамчун таъминкунандаи асосҳои низоми сиёсиву ҳуқуқии кишвар аҳаммияти аввалиндараҷа диҳем.
Хулоса, дар сатҳи конститутсионӣ муқаррар кардани муқаддасоти миллӣ имкониятҳои бузургро барои эҳё шудани арзишҳои миллӣ, фароҳам овардааст. Ва аз ҳамин ҷиҳат нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аз нав эҳё шудани арзишҳои миллӣ дар айёми соҳибистиқлолии мамлакат ва пешрафти тамоми соҳаҳои муҳимми давлатӣ ва ҷамъиятӣ хеле бузург мебошад.
Бо итминон метавон иброз дошт, ки қабули ин санади олии ҳуқуқӣ тавонист дар рушди соҳибистиқлолӣ ва давлатдории миллӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон саҳми созгор ва назаррас гузорад. Яке аз хусусиятҳои муҳими Конститутсия ин пайваст кардани арзишҳои миллии тоҷикӣ бо меъёрҳои муосири ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад. Бо қабул шудани он, забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ эътироф шуд ва рамзҳои миллии кишвар, аз ҷумла Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ, ба расмият даромаданд. Инчунин, Конститутсия истиқлолияти судҳоро таъмин карда, асоси ҳуқуқии амният ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандонро таҳким бахшид.
Дар тӯли 32 соли мавҷудият, Конститутсияи Тоҷикистон ба тағйироту иловаҳо мувофиқи талаботи замон ва шароитҳои нави ҷомеа дучор омад. Ин ислоҳот барои мутобиқ сохтани низоми ҳуқуқӣ ба воқеияти нав ва таъмини рушди устувор мусоидат карданд. Раванди таҳкими истиқлолияти давлат, рушди демократия ва адолати иҷтимоӣ ҳамеша зери ҳимояти Конститутсия сурат гирифтааст.
Имсол, бо ифтихор аз дастовардҳои давлатдорӣ ва таҳкими ҳуқуқи инсон, мардуми Тоҷикистон 32-солагии Конститутсияро ҷашн мегиранд. Ин ҷашн эҳтироми арзишҳои волои ҳуқуқӣ ва ваҳдати миллиро инъикос мекунад. Он аз ҳама тоҷикистониён даъват менамояд, ки дар ҳифз ва рушду такомули арзишҳои Конститутсионӣ саҳм гузоранд, то ки давлатдории миллии тоҷикон боз ҳам устувортар гардад.
Конститутсия на танҳо як ҳуҷҷати ҳуқуқӣ, балки рамзи истиқлолият ва якпорчагии миллӣ мебошад. Бо итминон метавон гуфт, ки таҷлили сазовори 32-солагии он пайванди қавии наслҳои имрӯзу оянда ва сарчашмаи ваҳдати миллии мо мебошад!
Исмоилова Парвина,
Мутахассиси пешбари бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Гулистон

