Бо ташаббуси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент ва дар доираи нақшаи чорабиниҳои Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд, дар деҳаи Чимқалъаи Ҷамоати деҳоти Саразм вохӯрии иттилоотию маърифатӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират, раисони маҳаллаҳо, фаъолони ҷамоат ва аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ иштирок намуда, масъалаҳои муҳими марбут ба муҳоҷирати бехатар, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, рушди касбу ҳунар, мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва таҳкими суботи иҷтимоии оилаҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар оғози вохӯрӣ сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳр оид ба аҳамияти риояи талаботи қонунгузории соҳаи муҳоҷират ва меҳнат, омодагии дуруст пеш аз сафар ба хориҷи кишвар ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон суханронӣ намуд. Таъкид гардид, ки ҳар як шаҳрванд пеш аз сафар бояд аз шароити кору зиндагӣ, талаботи ҳуҷҷатгузорӣ, қоидаҳои будубош ва ҳуқуқу уҳдадориҳои худ дар кишвари қабулкунанда огоҳии кофӣ дошта бошад.
Ҳамзамон, вобаста ба пешгирии савдои одамон, ҷалби ғайриқонунӣ ба фаъолияти меҳнатӣ, қаллобӣ, ҳолатҳои коррупсионӣ, шомилшавӣ ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ, нашъамандӣ ва нашъаҷаллобӣ, ҷинояткорӣ ва зӯроварӣ дар оила корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд. Зикр гардид, ки баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ ва тақвияти ҳамкории сохторҳои дахлдор бо ҷомеа дар пешгирии чунин зуҳуроти номатлуб аҳамияти муҳим дорад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ба нақши раисони маҳаллаҳо дар ташкили корҳои фаҳмондадиҳӣ, таҳкими робита бо оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва пешгирии мушкилоти иҷтимоӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Қайд гардид, ки ҳамкории мунтазами раисони маҳаллаҳо бо аҳолӣ ва сохторҳои масъул метавонад ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, дастгирии оилаҳои ниёзманд, тарбияи дурусти фарзандон ва пешгирии низоъҳои оилавӣ мусоидат намояд.
Дар идомаи чорабинӣ масъалаҳои дастгирии иҷтимоии оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ, истифодаи мақсадноки маблағҳои интиқолёфта, банақшагирии буҷети оила, таълиму тарбияи фарзандон ва таҳкими муносибатҳои оилавӣ фаҳмонида шуд. Таъкид шуд, ки оила ҳамчун ниҳоди муҳими ҷомеа дар тарбияи насли солим, пешгирии рафторҳои номатлуб ва ташаккули ҳисси масъулиятшиносию ватандӯстӣ нақши калидӣ дорад.
Ҳамчунин, иштирокчиён ба истифодаи самараноки имкониятҳои касбомӯзӣ ва рушди ҳунармандӣ, бахусус ҷалби занони хонашин, ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатии бозгашта ба омӯзиши касбу ҳунар даъват карда шуданд. Зикр гардид, ки аз худ намудани касбҳои талабгор ва рушди фаъолияти ҳунармандӣ метавонад ба фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, беҳтар гардидани вазъи иқтисодии оилаҳо ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат намояд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳои иттилоотию маърифатӣ дар маҳалҳо барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, мусоидат ба муҳоҷирати бехатар, рушди касбу ҳунар ва таҳкими ҳамкории сохторҳои масъул бо аҳолӣ аҳамияти муҳим дорад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

