Кормандони Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон ва МД “Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Бохтар дар “Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар” корҳои фаҳмондадиҳиро бо шаҳрвандоне, ки ба Федератсияи Россия барои фаъолияти меҳнатӣ равонаанд, баргузор намуданд.
Зимни суҳбат масъулин оид ба вазъи имрӯзаи муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар, аз ҷумла дар Федератсияи Россия, оид ба талаботи нави қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ огоҳ бошанд, тартиб ва мақсади воридшавӣ, дар муҳлати муқаррар гардида ҷамъоварӣ ва пешниҳод намудани маводи зарурӣ ба ВКД ФР оид ба муҳоҷирати минтақавӣ барои гирифтани патент ва риояи муҳлати будубоши муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ ва ба вуҷуд омадани мушкилиҳои эҳтимолӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хоҳиши фаъолияти меҳнатиро дар қаламрави ин давлат доранд, пеш меояд, ошно намуда, роҳҳои ҳалли онро низ ба онҳо ба таври содда фаҳмонда дода, ба саволҳои онҳо ҷавобҳои мушаххас доданд.
Дар ҳолати риоя нагардидани талаботи қонунгузории кишвари иқомат шаҳрванди хориҷӣ дар Федератсияи Россия вазъи ҳуқуқии худро аз даст дода, ҳуҷҷатҳои ба дастоварда дар самти фаъолияти меҳнатӣ ба таври худкор бекор карда шуда, шаҳрванд ба Феҳристи шахсони назоратшаванда ворид карда мешавад.
Ҳамзамон, доир бо вакансияҳои ҷойи кории холӣ дар корхонаҳои саноатии Федератсияи Россия, инчунин таъмин намудани шаҳрвандони бозгашта дар дохили кишвар, ба касбомӯзӣ ва забономӯзӣ ҷалб намудани онҳо дар муассисаҳои таълимии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин омодагӣ пеш аз сафар, пешгирии ҳодисаҳои пайвастани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, одамрабоӣ ва донистани қонунҳои нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, суханронӣ намуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

