Дар ҷаҳони имрӯза, яке аз хатарноктарин падидаҳое, ки суботу оромии ҷомеаро зери хатар қарор додаанд, терроризм ва экстремизм ба шумор мераванд. Ин зуҳурот, ки дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон ва инчунин дар кишвари мо низ сар ба боло задаанд, боиси нигаронии ҷиддии мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ гаштаанд.
Терроризм, аз нигоҳи ҳуқуқӣ, ба амалҳое дахл дорад, ки ба ҷони инсонҳо таҳдид намуда, бо ҳадафи тарсонидани ҷомеа, фишор ба ҳокимият ва расидан ба манфиатҳои сиёсӣ ё идеологӣ анҷом дода мешаванд. Экстремизм бошад, ифротгароии фикриву амалиест, ки бар зидди тартиботи мавҷуда равона шуда, метавонанд ба хушунату ихтилофҳои иҷтимоӣ оварда расонанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар суханрониҳои худ ин падидаҳоро “вабои аср” номида, борҳо таъкид намудаанд, ки терроризм ва экстремизм мисли силоҳи қатли ом, тамоми башариятро таҳдид мекунанд.
Террористон бо истифода аз технологияҳои нав ва шабакаҳои махфӣ кӯшиш мекунанд, ки тарҳҳои худро амалӣ намоянд. Онҳо ҳатто сохторҳои молиявӣ таъсис дода, маблағгузории терроризмро таъмин мекунанд. Барои муқовимат бо ин падидаҳои хатарнок, ҳамкории наздики ҳамаи кишварҳо зарур аст. Таъсиси ташкилотҳои байналмилалӣ, мубодилаи иттилоот, пешгирии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои радикалӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқиву динӣ – аз роҳҳои асосии муқовимат ба ин вабои аср мебошанд.
Мубориза бо терроризм танҳо вазифаи давлат нест — ҳар як шаҳрванди бедордил бояд ҳис кунад, ки ӯ низ дар ин раванд нақш дорад. Пешгирии паҳншавии афкори ифротӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифат, таҳкими ватандӯстӣ ва эҳтиром ба қонун – ҳамаи ин вазифаҳои шахсони солимфикру масъули ҷомеа мебошанд.
Терроризм ва экстремизм, новобаста аз шаклу шиору забонашон, душмани оромии ҷомеа, инсоният ва арзишҳои башарӣ мебошанд. Онҳо на ватан доранд, на дин ва на мазҳаб. Ҳар касе, ки ба номи дин амали зишт мекунад, дар асл хиёнат ба дину миллат мекунад.
Аз ин рӯ, дар шароити муосир, мубориза бо ин зуҳурот бояд вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд бошад. Фақат бо якдилию ҳамкории тамоми табақаҳои ҷомеа метавон ин вабои асрро решакан кард ва суботу амнияти кишварро ҳифз намуд.
Ятимова Муқадамбону,
Мутахассиси шуъбаи қабул ва маслиҳатдиҳӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе
