• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Конститутсия қонуни асосии давлат мебошад

Migration Service by Migration Service
02.11.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Конститутсия қонуни асосии давлат мебошад
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст. Қабули ин санади тақдирсоз барои таҳкими истиқлолияти давлатӣ, пойдории сулҳу субот ва рушди ҷомеаи демократӣ заминаи муҳим гузошт.

Конститутсия қонуни асосии давлат буда, тамоми қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии дигар дар асоси он қабул карда мешаванд. Дар он сохтори давлат, фаъолияти мақомоти давлатӣ, ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои шаҳрвандон муайян гардидаанд. Мувофиқи Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.

Яке аз муҳимтарин арзишҳои Конститутсия ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Ҳар як инсон ҳуқуқ ба зиндагӣ, таҳсил, меҳнат, истироҳат ва озодии сухан дорад. Ҳамчунин, Конститутсия баробарии ҳамаи шаҳрвандонро дар назди қонун кафолат медиҳад. Ин арзишҳо барои бунёди ҷомеаи адолатпарвар ва пешрафта аҳамияти бузург доранд.

Конститутсия на танҳо ҳуқуқҳои шаҳрвандонро муайян мекунад, балки вазифаҳои онҳоро низ баён менамояд. Ҳар як шаҳрванд бояд Ватани худро дӯст дорад, қонунҳоро риоя намояд, ба муқаддасоти миллӣ эҳтиром гузорад ва дар ободии кишвар саҳм гузорад. Ҳифзи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ низ вазифаи муҳимми ҳар як сокини Тоҷикистон мебошад.

Ҷавонон, ки ояндаи давлату миллат мебошанд, бояд Конститутсияро хуб омӯзанд ва ҳуқуқу вазифаҳои худро донанд. Зеро донистани қонунҳо ба ҳар як шахс имкон медиҳад, ки дар ҷомеа мавқеи худро дуруст муайян намояд ва ҳамчун шаҳрванди масъулиятшинос ба камол расад.

Рӯзи Конститутсия барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон рӯзи ифтихор ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ мебошад. Ин рӯз моро водор месозад, ки ба қадри истиқлолият, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ бештар расем. Зеро танҳо дар фазои сулҳу субот метавон ба рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар ноил гардид.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи давлатдорӣ, соҳибихтиёрӣ ва озодии миллати тоҷик мебошад. Он ҳамчун бахтномаи миллат роҳи рушди устувор ва зиндагии осоиштаи мардумро муайян менамояд. Мо, шаҳрвандони Тоҷикистон, бояд ин санади муқаддасро эҳтиром намуда, барои ҳифзи арзишҳои он ва пешрафти Ватани азизамон саҳми арзандаи худро гузорем.

Додихудоева Дилафрӯз,

Мутахассиси пешбари бахши муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

Previous Post

Вохӯрии судманд бо фаъолон ва сокинони ноҳияи Фархор

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.