Аз ҷониби масъулини бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Фархор дар ҳамбастагӣ бо КИ ҲХДТ ва Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО” дар ноҳия вохӯрии судманд бо фаъолон ва сокинон баргузор гардид.
Ҳадафи асосии вохӯрӣ баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, шарҳу тавзеҳи талаботи қонунгузории муҳоҷиратии Федератсияи Россия, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва мусоидат ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии муҳоҷирони меҳнатӣ арзёбӣ гардида, дар ҷараёни вохӯрӣ ба масъалаҳои риояи қонунгузории муҳоҷират, таъмини амнияти шахсӣ ва пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, инчунин вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ барои сазовар ҷашн гирифтани 40 солаги Истиқлоли давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Аз ҷумла, ба иштирокчиён тавсия дода шуд, ки шаҳрвандоне, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, аз ҳар гуна амалҳои ғайриқонунӣ ва робита бо гурӯҳҳои ифротгаро худдорӣ намоянд, ҳангоми истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ, мутолиа ва паҳн намудани маводи иттилоотӣ эҳтиёткор бошанд.
Ҳамзамон, ҳифзи саломатӣ ва пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВНМО/БПНМ ва бемории сил, тавсия дода шуд, ки бемории вируси норасоии масунияти одам яке аз масъалаҳои ҳалталаби ҷомеаи имрӯзаи ҷаҳонӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Баромадкунанда оиди бемории вируси норасии масунияти одам, таърихи пайдоиш, роҳҳои интиқол, роҳҳои пешгирӣ, табобат, вазъи эпидемиологии ВНМО дар ҷаҳон ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод кард.
Ҳамчунин, оид ба тартиби будубоши қонунӣ дар қаламрави Федератсияи Россия, барқарор намудани ҳуҷҷатҳои гумшуда, аз ҷумла шиноснома, корти муҳоҷиратӣ, ҳуҷҷатҳои қайди муҳоҷиратӣ ва патент, инчунин санҷиши вазъи ҳуқуқии шаҳрвандон дар кишвари иқомат маълумот ва тавсияҳои ҳуқуқӣ пешниҳод гардиданд.
Ҳамзамон, масъулини бахши Хадамоти муҳоҷират ба саволҳои пешниҳоднамудаи шаҳрвандон посухҳои мушаххас гардонида, тавсия дода шуд, ки барои гирифтани маълумоти бештар сомонаи расмии Хадамоти муҳоҷиратро пайгирӣ намоянд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

