Тибқи Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб якҷо бо намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва бахши Хадамоти муҳоҷират бахшида ба ҷашни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Конститутсия – бахтномаи миллат ва раҳнамои ҷомеаи ҳуқуқбунёд” ҳамоиши сиёсиву маърифатӣ баргузор гардид.
Ҳамоиши мазкур таҳти раёсати раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб Қосимзода Маҳтоб Пир, судяи суди ноҳия Зарифзода Гулбаҳор, муовини раиси ноҳия Ҳусейнзода Сироҷиддин Бобо, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб Гулмуродзода Бобокалон Гулмурод ва мудири бахши Хадамоти муҳоҷират Олимзода Орифҷон Олим доир гардида, дар он намояндагони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, фаъолон ва аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” иштирок намуданд.
Дар оғози ҳамоиш баромадкунандагон доир ба аҳаммияти таърихиву сиёсии Конститутсия, нақши он дар таҳкими истиқлоли давлатӣ, волоияти қонун, таъмини адолати иҷтимоӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, нақши ҷавонон дар ҳифзу гиромидошти арзишҳои конститутсионӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ андешаронӣ намуданд.
Зимни ҳамоиш таъкид гардид, ки Конститутсия на танҳо санади муҳими ҳуқуқӣ, балки таҷассумгари ормонҳои миллӣ, арзишҳои волои инсонӣ ва кафолати зиндагии осоиштаи ҷомеа мебошад. Маҳз дар заминаи меъёрҳои он низоми давлатдории миллӣ ташаккул ёфта, барои пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Ҳамзамон, таъкид намуданд, ки дар шароити ҷомеаи муосир баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, эҳтиром ба қонун ва риояи уҳдадориҳои конститутсионӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим ба ҳисоб мераванд. Ҳар як шаҳрванд бояд ҳуқуқу уҳдадориҳои худро донад ва барои ҳифзи арзишҳои ҳуқуқиву демократии ҷомеа саҳми муносиб гузорад.
Инчунин, аз ҷониби баромадкунандагон ибрози назар карда шуд, ки имрӯз дар партави сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат, ободонии Ватан ва беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум тадбирҳои муҳим амалӣ гардида истодаанд. Дар ин раванд риояи қонун, масъулияти шаҳрвандӣ ва иштироки фаъолонаи ҳар як сокини мамлакат дар корҳои созандагӣ аҳаммияти хосса дорад.
Дар ин замина, таъкид гардид, ки ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва ояндасози давлату миллат бояд бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ аз имкониятҳои фароҳамгардида самаранок истифода намуда, дар омӯзиши илму дониш, аз худ кардани касбу ҳунар, эҳтироми қонун ва саҳмгузорӣ дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол фаъол бошанд. Дар баробари ин, зикр шуд, ки эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, арҷгузорӣ ба дастовардҳои даврони истиқлолият ва ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа вазифаи муқаддаси ҳар як ҷавони ватандӯст мебошад. Зеро ояндаи давлату миллат аз сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ, худшиносӣ ва масъулиятшиносии насли ҷавон вобастагии амиқ дорад. Дар идомаи ҳамоиш иштирокчиён доир ба муҳтавои Конститутсия, нақши он дар рушди давлатдории миллӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва зарурати тарғиби арзишҳои конститутсионӣ миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа андешаҳояшонро баён намуданд.
Дар фарҷоми ҳамоиш таъкид гардид, ки Конститутсия ҳамчун санади сарнавиштсозу роҳнамои ҷомеа бояд ҳамеша мавриди эҳтиром ва ҳифзи ҳар як шаҳрванди кишвар қарор дошта бошад. Зеро эҳтиром ба Конститутсия эҳтиром ба давлат, миллат, истиқлолият ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз мебошад.
Ҳамоиши мазкур дар руҳияи баланди ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ баргузор гардида, барои боз ҳам баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии иштирокчиён ва таҳкими ҳамкории сохторҳои ҳизбӣ, мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии ҷавонон заминаи мусоид фароҳам овард.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

